Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 499 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Акнун дар он манзилҳо, ки даву тоз мекард, айён набуд, вале ҳамон милитсионери ҷавоне, ки ҳавлии марҳумро ба ман нишон дод, албатта, чун намояндаи давлат ҳимояи он манзилро, ки шояд чун дигар биноҳои он маҳал ба иҷора дода шуда буд, ба душ гирифта буд. Тайи баҳсҳои имрӯза, ки бародари марҳум ҳамсари бевамондаи ўро гунаҳкор карданӣ шуд, мо каме ҳам бошад, ба рўзгори нафаре, ки ҷони хешро аз даст дода буд, шинос шудем.
Алангаи ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар як таконе шуд, бархе аз мардуми худогоҳ рў ба бозор ва онҳое, ки аз тиҷорат берун монданд, рў ба фирор оварданд. Мардуми аз оташи ҷанги шаҳрвандӣ ба ҷон омада бо нархи ночизе хонаву дарашонро фурӯхта ба дигар кишварҳо кўч бастанд. Онҳое, ки хоки муқадаси Ватанро пос доштаву ба ягон ҷо нарафтанд, қариб бо нархи ночизе ҷиҳози хонаро фурӯхта, аз пули он орду гандум хариданд.
Нигоҳи нафареро, ки ин субҳ ҷисми беҷонашро бо пешонаи сӯрох дар манзили истиқоматиаш ёфтанд, метавон бо нигоҳи Ҳофизӣ Шерозӣ, ки гуфт буд: “Доимо яксон намонад ҳоли даврон ғам махӯр” дар як радиф гузошт. Агар чунин набуд, магар метавонист нафаре бо маълумоти миёнаи нопурра аз вазъи ноороми кишвар истифода бурда, ба мақсади ташкил намудани хоҷагии деҳқонӣ дар атрофи шаҳр бо нархи ночизе масоҳати даҳ гектар замини обиро бар хилофи қонуни давлат, ки заминро монополияи хеш эълон карда, ҳама гуна хариду фуруши онро манъ намудааст ба қавле “харида” ба тасарруфи хеш дарорад.Барои иҷрои чунин амал дилу гурдаи бузурге лозим буд ва ҳамагон шоҳиданд, ки дар он солҳо даҳҳо хоҷагиҳои кишоварзию чорводори қариб ба тамом аз байн рафтанд. Ин ҷо бошад, нафаре даҳ гектар заминро харида, дар замоне, ки саг соҳибашро намешинохт, аз он замин нияти ҳосил бардоштан намуд.
Дар асл ў боре ҳам донаеро болои он замин напошид ва чун вазъият каме оромтар шуд, он заминро ба пораҳои хурд тақсим намуда, барои сохтмони манзили истиқоматӣ ба фурўш гузошт.

пешина
аз 499
навбатӣ