Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Яқин аст, ки вай чунин амалро дар танҳоӣ иҷро карда наметавонист, вале дигар он ҳама асрорро аз кӣ мепурсӣ...
Беҳуда нагуфтаанд, ки “иштиҳо дар вақти хӯрдан пайдо мешавад” ва агар чунин намебуд, ҳаргиз Солеҳ Қамар фаъолияти тиҷоратии хешро чунин такмил намедод.
Мардуми кӯҳистон сухани маъмуле доранд:- “ Деҳқон, ки маст шуд, арзанро тирамоҳ мекорад” (бояд қайд намоям, ки дар кӯҳистон кишти тирамоҳӣ нест, аз ин рў нигоҳи мардум ба рафти кишт аз водиҳо фарқ дорад. Ш.А.) Пулу моли зиёд Солеҳ Қамарро ба роҳгумӣ бурд ва дунё дар назараш танг шуд.
Дурустараш ҳирси молу пулпарастӣ дар замираш ба туғён омаду аз дигарон қафо намонам гуфта ба сохтмони қасри зебое даст зад. Аввалҳо гумон дошт, ки дар он қаср ҳамроҳи зану фарзандонаш умр ба сар хоҳад бурд, вале як шиносоии тасодуфие бо париваш Парвинаи Зубайдулло туғёни дигареро дар ниҳодаш ба шӯр овард ва Парвина чун малика ба қаср омад.
Дар куҷое хонда будам, ки “ чашми танги дунёдорро ё қаноат пур кунад ё хоки гўр “. Инро ба ҳамон хотир мегӯям, ки нафарони, аз чор як ҳиссаи бойгарии Солеҳ Қамарро соҳиб аз хизмати ҷондорҳо истифода мебаранд, вале то ҷое, ки мо огоҳӣ ёфтем, тоҷири заминфӯрушро ҷондоре набуд. Дар асл шояд нигоҳи ў ба зиндагӣ дигар хел буд. Охир мо борҳо шоҳиди он шудаем, ки новобаста аз деворҳои баланду касногузар, мошинҳои аз брон сохташуда ва даҳҳо нафар ҷондор, ки чун буққаи маст ҳимояи ҷони нафареро ба душ гирифта буданд, дар пеши дасти шахшӯли аҷал бечора монданд ва оне, ки аз Худо не, балки аз буққа (ҷондор) мадад хоста, ҷони хеш бемуҳобот ба дасти аҷал супорида...
Аслан чун бандаи мусулмон ҳодисаи ба сари тоҷир омадаро ба сарнавишташ вомегузоштам, вале оне, ки сабаб гардидаву тирро ба майнаи эшон ҷо намуда буд, бояд дар назди қонун ҷавоб медод.
Бо ҳамин фикру андеша ман вориди дафтари кориам шуда, дар торикӣ ҳам бошад, палмосида тугмачаи чароғаки барқиро пахш намудам. Чун дафтари кориам аз оғӯши зулмот берун шуд, ман дарро пӯшида, чанд қадам ба пеш гузошта, тирезаро каме кушодам ва ҷисми ба қавле абгори хешро ба курсии мулоим партофтам, то тамоми мавҷи хаёлоти хешро сари як нуқта гирд оварам.




