Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Дар интиҳо ман аз ғалладони мизи кориам лисони сафедеро гирифта болои миз гузошта, хомаи дар зери ангуштонам даврзадаистодаро болои он коғази сафед равон намудам.
Дар хулосаи ташхиси тиббӣ омада буд, ки Солеҳ Қамар дар байни соатҳои 2330- 2350 дақиқаи шаби 26 -ум ба 27-уми апрел ба ҳалокат расонида шудааст. Сабаби ба ҳалокат расиданаш ин гирифтани зарба аз яроқи оташфишон буда, дар натиҷаи осеб дидани майнаи сар ҳангоми якҷояшавии хун бо майна боиси марги эшон гардида.
Баъди ҳафт соати ҳодиса ҳамсараш, ки гӯё дар осоишгоҳи “Оби Гарм” истироҳат доштааст, ба хона баргашта ҳамсарро, ки бояд он рўз аз Русия меомадааст оғӯштаи хун дида, ба милиса занг задааст. Муаммои сарбаста ҳам баҳри тафтишот аз ҳамин ҷо сарчашма гирифта...
Чун аз осоишгоҳи “ Оби Гарм “ то шаҳр ҳамагӣ як соат роҳ аст, рафту агар ҳамсарро ҳавои марги шавҳар дар сар будӣ тайи ин муддат бемалол омада “корро”анҷом дода, боз ба осоишгоҳ баргашта метавонист. Модоме, ки ў қасди ҷони нимаи дуюми хеш намуда буд, пас чӣ лозим буд дар он субҳи солеҳон дубора ба хона баргардад. Аслан барои дар соя мондани хеш Парвина Қамар имкониятҳои зиёде дошт, вале аз чӣ бошад, ки ў аз чунин як имконият истифода набурд.
Дар ҳамин ҷо қалам аз ихтиёри ман берун шуд ва ниятҳои аз замирам рўӣ лисон омада аз хати рост берун баромад. То ба худ омадам, ки чанд ҷумларо бо ҳамин зайл болои саҳфаи сафед сабт намудам, ки мухтасаран мазмуни зайлро дошт: - Рафту Парвина Қамар дар ҳақиқат гунаҳкор бошад чӣ? Чаро чунин шуданаш мумкин набудааст? Шояд ҷавонзан сардиеро дар муносибати оилавӣ дарк намуда, ё баракс шавҳар аз рафтори ноҷои нимаи дуюми хеш огоҳ гардида, мехост кафшҳои ўро пеши пояш гузорад. Ба ҳамаи ин суолҳо посух гуфтан осон набуд, вале агар мо мақсади аслиро дар содиршавии ҷиноят ҷустуҷў кардан мехостем, дар ин самт мушкилие пеш намеомад. Фиреби ҳамдигар, хиёнат, пулу мол, ҳар кадоме метавонист асоси қасд ба ҷони нимаи дигар гардад.




