Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 499 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Шояд худи шавҳар мехост ҳамсари ҷавонашро сари хатое даст гирад ва аз вай расман ҷудо шавад. Дар чунин ҳолат вой бар ҳоли нафаре мешуд, ки худро бо чӣ азобҳои ба сарнавишти марди оиладор ҳамроҳ сохтаю ўро аз зану фарзандонаш ҷудо карда буд...
Дар ҳамин ҷо нӯги хома шикаст. Ин фоли нек буд ё бад, ман нафаҳмидам. То тоза кардани нӯги қалам мавҷи хаёлотам, ки тӯфони бузургеро мемонд, бандаро аз як соҳил ба соҳили дигаре партофт...
-Бурд бурди шумо янга, акнун дар ин ҷову ҷалол чун шоҳдухтар зиндагӣ мекунед.
-Гумон доред, ки ман бародаратонро куштам?
-Аёнро чӣ ҳоҷат ба баён.
-Ман дар хона набудам, мефаҳмед?
-Агар малоли хотиратон наояд, гӯед, ки дар куҷо будед?
-Дар хонаи як дугонаам...
“Ист!”- нидо омад аз замирам ва ман боз ба соҳили пешин шино намудам.
Аз он ки бародари марҳум ҳамсари ҷавони ўро ба бевафоӣ гунаҳкор карданӣ шуд, бозёфте ҳам набуд, чунки Парвина Қамар кӯшид, ки дар куҷо будани ўро Фотеҳ нафаҳмад. Пояи дурўғ ҳамеша ноустувор аст ва дар байни як – ду соат ҳамсари бевафои марҳум ду маротиба нишондодашро дигар намуд, ҳарчанд посухҳои вай ва суолҳои бародари шавҳараш шакли расмӣ надоштанд.
Аз нигоҳи қонун ҳам бояд Парвина Қамар баҳри собит намудани бегуноҳии хеш бо тафтишот ҳамкорӣ мекард.
Сараввал ҷавонзани бевамонда ному насаби нафареро,ки метавонист алибии вайро оиди шаби 26- ум ба 27 – уми апрел дар осоишгоҳ буданаш собит намояд, гуфтан нахост ва боз ба суолҳои бародари шавҳараш посух гуфт, ки дар хонаи кадом як дугонааш будааст. Ана ёбу гир.
Дар ҳамин ҷо нигоҳи банда ба рафти ҳодисаҳо боз каме тағйир ёфт, чунки то ҳануз олоти ҷиноят ёфт нашуда буд.
Тарафи дигари ин амал он буд, ки Солеҳ Қамар аз масофаи наздик ҳадафи тир қарор гирифта. Маҳз ҳамин ҳолатҳо таҷассумгари он буданд, ки шахси даст ба ҷиноят зада қотили касбӣ нест. Аз ҳам ин лиҳоз аз нигоҳи мантиқ метавон ҳодисаи рухдодаро тасодуфӣ арзёбӣ намуд.

пешина
аз 499
навбатӣ