Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Дурусттараш ҳодиса бе ягон тайёрии пешакӣ аз рўӣ ҳолатҳои рухдода амалӣ карда шуда...
Бо Фурўғи Шариф имрўз сари масъалаи боздошти Парвина Қамар хеле баҳс намудем, вале муфаттиши прокуратура чунин боздоштро бармаҳал шумурд. Хуб буд ё бад, акнун мо ба ҳар тори мўи ҳамсари ба қавли Фотеҳ бевафоӣ бародараш ҷавобгар будем. Рафту агар дар ҳақиқат мақсаду мароми нафаре, ки қасд ба ҷони тоҷири заминфурӯш намуда дигар бошад чӣ? Дар он сурат набояд аз хотир баровард, ки ҳаёти худи Парвина Қамар ҳам метавонад дар зери хатар бошад.
Агар чунин буд бояд мо худи Парвина Қамарро ба зери назорати оперативӣ мегирифтем ва бо ин васила алоқаи ўро бо ҳодисаи рухдода муайян менамудем. Аз эҳтимол дур набуд, ки агар бевазан дар ҷинояти рухдода даст доштӣ, албатта зуд ё дер ба хатое роҳ медод ва бо ин васила мо нафареро, ки ў ба ин амали номатлуб ҷалб намуда буд, ошкор мекардем ва ё мефаҳмидем, ки бонуи зебо бозичаи дасти кӣ гаштаву қасд ба ҷони нимаи дуюми хеш намуда...
Дар айни вақт ҳамаи ин як хаёли хоме буд, чунки мо дар бораи бегуноҳӣ ё гунаҳкории Парвина Қамар далели муътамаде надоштем ва ҳамаи ин вобаста ба вақт буд, ҳарчанд мо гуфта наметавонистем, ки вақт инро ба манфиати кӣ ҳал мекард...
Маро фақат як ҳолат ором намегузошт, ки чаро дар он субҳи солеҳон Парвина Қамар бистари гармашро дар осоишгоҳ сард намуда, ба шаҳр баргаштааст ва ин бозгашт ба кадом хотир буд, наход ба хотири дарёфти ҷисми оғўштаи хун ва сарди шавҳар...
Ҳеҷ боварам наомад духтаре, ки аз сад гул як гулаш нашукуфта бо чунин нигоҳи маҳзун, ки худ муаррифгари чашмони мешию зебои ў буданд, метавониста бошад, ки ба ҷони нимаи дуюми хеш қасд намояд, вале...
Аёнро ҳоҷат ба баён набуд ва агар ў қотили шавҳар набудӣ, пас моро лозим меомад, ки ҳарчӣ тезтар сари ин масъала рўшанӣ андозем...




