Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Дар ҳамин ҷо нӯги хома дар сатри охири саҳфа бозистод ва кори шаб хандаи рўз гуфта ман аз курсӣ бархестам...
...3...
Парвина аслан дар тарбияи модар ба воя расида буд ва чун бобояш замоне вазифаи муншии аввали ҳизби коммунисти як ноҳияро ба душ дошт, набера худро ашрофзода мепиндошт.
Дар замоне, ки вай хурд буд, модараш мегуфт, ки падараш ҳангоми иҷрои қарзи интернатсионалистӣ дар хоки кишвари ҳамсоя ба ҳалокат расида. Вале баъдтар касе ба гӯши ў хабари дар маҳбас будани падарашро расонид. Ба ҳама ин мусиқии ноҷур нигоҳ накарда вай худро ашрофзода мепиндошту ба симои зоҳирии хеш диққат медод.
Қомати баланд. чашмони мешӣ, мўйҳои марғулаву нобофта, ки тамоми тахтапушти духтаро ба “муҳосира” гирифта, бинии ба шакли рўяш мувофиқ ҳанўз аз замони дар синфи ҳафтум хонданаш диққати на танҳо ҳамсинфон, балки тамоми бачаҳои мактабро ба худ ҷалб намуда буд.
Ҳарчанд дар бораи “ корнамоиҳои “ модараш аз забони наздикон каломе нашунида буд , вале аз миш – миши мардум ў гўшовоз гашта буд, ки модар ҳангоми дар синфи даҳум хонданаш ўро аз домон бурун оварда...
Не, ин ҳамаро ў то ҳамон вақте намедонист, ки бори аввал нигоҳи саропо олудаи муҳаббати ҳамсинфонро ҳис намуд ва ғурури баландаш вайро ҳушдор месохт, ки андоза нигоҳ дорад.
Духтар ба хубӣ дарк намуд, ки танҳо шуғли дӯстдошта метавонад вайро ба чашми харидорон боз ҳам бештар муаррифӣ намояд. Аз ин рӯ, ў бо тамоми хоҳиш ба варзиш машғул шуд ва худ ҳатто нафаҳмид, ки дар як муддати ниҳоят кӯтоҳ чӣ хел маликаи зебо шуд: - анорҳои миёнаи пеши бар, миёни борик, пойҳои дарозу бақуввати духтар ба дили ҳар ҷавон пайкон мезад. Ҳар як харидор кӯшиш мекард, ки дили вайро ба даст орад. Аз ҳамин хотир писарбачаҳо аз методҳои маъмули бачагона, аз қабили кашидани мўӣ, аз беэҳтиётӣ ба духтар бархӯрдан ва баҳри ба фарш наафтидани вай талош варзидан, ба тамошои ҷойҳои таърихи ё филмҳои овозадори ҳиндӣ таклиф намудани вай талош менамуданд, вале сабаб чӣ бошад, ки духтари ашрофзода ба ҳамаи ин таваҷҷуҳҳо аҳамият намедод ва ин амал қимати ўро дар назди харидорон боз ҳам болотар мебардошт...




