Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 499 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Мегӯянд, ки гузашта барои оянда пул аст ва чун боди дайду аҳён – аҳён садои мусиқии ноҷурро аз рўзгори модар ба гӯшаш мерасонд, духтар ба нигоҳи харидоронаи ҳамсолонаш қариб таваҷҷуҳе зоҳир намекард. Рафту агар шомили бозӣ ҳам мешуд, андозаи хеш нигоҳ дошта метавонист ва ин амал боиси он мегашт, ки тарафи муқобил умедашро аз “ ғалаба “ меканд ва ҳуҷумро ба он самте равона месохт, ки бозингар он қадар зираку кордида нест.
Гоҳҳо дар танҳоӣ ў сари рўзгори ояндаи хеш андеша мекард ва кушиш мекард, ки чун модар ба хатое роҳ надиҳад.
Дар нисбати вай дида модараш меваи шохи баланд буд, вале чун андоза нигоҳ надошт, як доғи сиёҳеро дар пероҳани сафед боқӣ гузошт. Рафту ў духтари кадом як майзадае мешуд, боке ҳам набуд, вале духтари муншии аввали ҳизби ҳоким ҳанўз мактаби миёнаро хатм накарда, таваҷҷуҳи душманони падарашро бедор кард. “Ҳаромзода бувад фарзанди эшон “ гуфтани мардумро низ шояд сабаб ҳамин бошад. Эҳтимол падар дер аз ин ҳодиса хабардор шуд ва ё аз мансаби хеш тарсиду тифли дар батни духтараш бударо нест карда натавонист, вагарна кӣ медонад...
“Рубоҳро об барад ҳам, думашро боло мегирад “ гуфтани мардум беасос нест ва модари вай ҳам баъди он ҳама “корнамоиҳо” аз асп фаромада бошад ҳам, пой аз рикоб нагирифт. Ў тайи умри кӯтоҳаш панҷ маротиба издивоҷ кард, вале дигар тифле ба дунё оварда натавонист, чунки тифли аввали вайро тариқи ҷарроҳӣ гирифтанд ва ҳамон вақт духтурон вайро ҳушдор сохтанд,ки...
Парвина на танҳо шаҳди муҳаббати аввали ў, балки нишоне аз рўзгори вай аст, нишони яккаву ягона, нишоне аз авлоди ашрофзода...
Дар ниҳоди духтар муҳаббат туғён мекард, вале ў намехост анҷоми ҳама ин шӯру шар оҳу шеван шавад. Баъди гирифтани номаи камол, қисме аз дугонаҳояш барои давом додани таҳсил ба донишгоҳу донишкадаҳо рафтанд, баъзеҳо ба шавҳар баромаданд, вале вай...

пешина
аз 499
навбатӣ