Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 499 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Зиндагии афсонавиро мехост ва итминони комил дошт, ки бо кисаи холӣ чунин тарзи ҳаёт аз хобу хаёле беш нест.
Дар интиҳо баъди ду соли гирифтани номаи камол бахт ба рўяш хандид ва ў дар қалби марди аз, худаш бист сол калонтар, ки молу сарваташро ҳисоб набуди пайкон зад, вале то он замон ў тавонист як маротиба дар гирдоби муҳаббат ғўтта занад.
Рўзгори пешин чун тираабре гоҳ-гоҳ дар саҳфаи хотироти Парвина падид меояд, ё шояд дирўз мо бо суолҳои беохири хеш он рўзгори пур аз шӯру шарро чун тираабре дар осмони андешаҳояш падидор намудем...
Соле пас аз гирифтани номаи камол рўзе ў дар кӯча бо собиқ ҳамсинфаш Фарангис рў ба рў омад. Ҳарчанд онҳо дар як синф мехонданд вале муносибати наздик надоштанд, чунки Фарангис ба табақаи ашрофзодагон дохил намешуд, вале Фарангис аз он вохӯрии тасодуфӣ шод гашту воқеаҳои дар рўзгораш рухдодаро баҳри ҳамсинфи ашрофзодааш арзонӣ дошта, Парвинаро ба тўӣ арўсиаш, ки дар охири ҳафта таҷлил мешуд, даъват намуд.
Даъват он қадар самимӣ буд, ки ашрофидухтар таклифи ҳамсинфашро рад карда натавонист. Маҳз дар ҳамон лаҳза ў кию аз кадом табақа будани хешро ба гӯшаи фаромӯшӣ дода ва бори аввал дар зиндагӣ ғурури хеш бишикаст.
-Дигаронро ҳам даъват намудед,- пурсид ашрофидухтар.
-То фардо ба ҳамаи ҳамсинфон даъватнома мефиристам, вале ба рости номи шумо дар сархати даъватмешудагон аст,- гӯён Фарангис аз ҷузвдони дар китфаш буда дафтарчаеро бароварда, саҳфаи аввали онро кушод.
Рўйхати онҳое, ки бояд ба тўй даъват шаванд, дар аввали сархат омада буд:
1.Парвинаи Зубайдулло...
-Албатта меоям, албатта, ҳисоб намо, ки ман аллакай дар паҳлуят,- хандида гуфт Парвина ва бо Фарангис худоҳофизӣ намуд.
-Аз ёд набарор, ки ту ҳамроҳи ман ба хонаи домод меравӣ,- аз қафои ў садо кард Фарангис.
Роҳравон ў солҳои дар як синф бо Фарангис хонданашро пеши назар оварданӣ шуд, вале он рўзгор чун тумани баъди борони баҳорӣ аз замин бархеста, садди роҳаш шуд, чунки Фарангис ҳеҷ гоҳ чун вай ва бархе аз дигар духтарон таваҷҷуҳи бачаҳои ҳамсинфашро бедор накарда буд.

пешина
аз 499
навбатӣ