Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Духтари хапу хомӯш, либоспӯшиаш ҳам чун зиндагиаш одиву якранг, ин ҷо бошад...
Ва ў чун дугонаи арўс ба хонаи домод рафт, манзили домод ба назараш чун қасри зебое намуд ва ў ҳеҷ фаҳмида натавонист, ки чаро соҳиби чунин ҷову ҷалол ба духтаре, ки қариб нисфи ў зебо нест, дил бохтааст.
Баъдтар, вақте ки онҳо ба тарабхона рафтанд ва ў паҳлуи дугонааш монд, ба он суоле, ки чанд рўз боз оромаш намегузошт, посух гирифт.
Аслан Фарангисро домод не, балки волидайнаш чун келин пазируфта буданд, ҳарчанд дар он маҳал духтарони аз Фарангис зеботару донотар хеле зиёд буданд, вале нигоҳи падару модари Султон (домодро чунин ном буд) сари номзадии ҳамин духтараки одӣ, ки ҳамеша либосҳои одӣ дар бар дошт, қарор гирифт. Ин ҳама тасодуф буд ё амри тақдир, Фарангис намедонист. Чунки оилаи домод чанд бино аз хонаи онҳо дуртар дар самти муқобили роҳ зиндагӣ доштанд. Ба андешаи ҳамонлаҳзаинаи Парвина эҳтимол Фарангиси хапак тайи чанд соли охир дар зери таваҷҷуҳ ва назорати падару модари домод буд.
Дар зери садои мусиқии форам ў ҳамроҳи ҷӯраи домод хеле чархиду чархид...
“Ба хотири саломатии сари дигарон бисёр манӯш, вагарна саломатии худро аз даст хоҳӣ дод” омадааст дар каломи маъмули русӣ, вале афсӯс нафаре аз иштирокчиёни он маҳфил ҳамин нуқтаро ба инобат нагирифта, ба хотири арўсу домод аз будаш зиёд қадаҳ бардошт ва ҳангоми рақси навбатӣ он ҷӯҷаи париро (дугонаи арӯс дар назар аст), ки ҳамроҳи нафари дар паҳлуи домод нишаста рақс мекард, чун уқоб ба даст овардан хост, вале чун сайд таклифи ўро рад кард, хархаша бардошт.
Ана дар ҳамин лаҳза ҷавоне аз байни толор бархеста, он “шери жаён”-ро ба ҷояш шинонд ва ҳатто ўро маҷбур намуд, ки барои суханҳои носазо гуфтааш аз духтар узр пурсад.
Қаҳрамон аз асп фаромада бошад ҳам, вале ин таклифи нафари ғолибро напазируфт ва дугонаи арӯс бо чашми хеш дид, ки чӣ тавр нафари ба пуштибонии ў бархоста ноаён ба тарафи чапи аз миён болои авбош зарбае зад, ки ў қариб дуқат шуд ва дар ҳолате, ки ҳанўз бо дасташ ҷойи он зарбро медошту ҷисмаш чун аломати суол буд, “илтимос, маро бубахш” гуфт.




