Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 499 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Он хонашери майдонғариб аз такрор шудани зарбаи навбати тарсид ва ё аз нигоҳи нафратбори дугонаи арўс, ки чун рӯбоҳ думро аз он маҳал хода кард.
Чун таваҷҷуҳи иштирокчиёни маҳфил аллакай ба майдончаи рақс нигаронида шуда буд, ашрофидухтар ба нафаре, ки ўро ҳифз кардан хост, табассуми зебое ҳадя намуда, майдончаи рақсро тарк намуд ва то охири маҳфил дигар аз паҳлуи арўс дур нашуд...
Дар он лаҳзаҳо танҳо ҷисми ў дар паҳлуи арўс, вале мавҷи хаёлоташ дар парвоз буд. Ў аслан ба ҳодисаи лаҳзае пеш рухдода аз нигоҳи мантиқ нигарист...
Шиносоӣ бо ҷавони қоматбаланд, ҷасур ва бомаърифат орзуи ҳамешагии вай буд.
Танҳо орзу...
Вай борҳо аз забони бобояш, ки замоне вазифаи муншии аввали як ноҳияро ба душ дошт, шунида буд, ки баъди ғалабаи инқилоби Октябр як нависандаи англис бо шиори болшевикҳо “Коммунизм ин Ҳукумати Шӯро ва боз электрикикунонии ҳамаи мамлакат аст” шинос шуда, амалӣ шудани ин шиорро хаёли хом ва пешвои Инқилобро “сотсиалисти хаёлӣ” номида буд.
-Пас куҷост он коммунизм ва чаро барқ ҳоло ҳам аз рўӣ реҷаи муайян дода мешавад? - боре пурсид ў аз бобояш.
Худи як ҷанги дуюми ҷаҳон моро ва боз ҳама он нақшаҳои доштаи халқи шӯравиро даҳсолаҳо ба қафо партофт.
Душманони мо давлатеро, ки поягузоронаш собиқ бенавову бечора буданд, чашми дидан надоштанд. Қариб 70 % буҷаи ЦРУ ба муқобили ана ҳамин давлати сағирапарвар равона шуда буд. Чун моро дар ҷанги дуюми ҷаҳон мағлуб карда натавонистанд, бо зар дар дохиламон душман тайёр намуданд ва билохира душманони дохилӣ, ки чун гург дар пӯсти меш буданд, мисли кирм аз дохил ҳамин як дарахти калонро хӯрда нобуд карданд ва оқибат он дарахт бе ягон кӯшиши зиёдатӣ худ сарнагун шуда афтид. Дар масъалаи барқ бошад, СССР пурра истиқлолияти энергетикиашро таъмин карда буд.

пешина
аз 499
навбатӣ