Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 499 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Акнун ки мо боз соҳибистиқлол гаштаву дар саргаҳи рӯдҳои бузург маскан дорем, месазад баҳри амалӣ шудани истиқлолияти энергетикии кишвар талош варзем.
Магар моро ҳам нотавонбинон тоҷикони хаёлпараст намегӯянд?
Аслан ак-аки саг набояд садди роҳи сафари корвон гардад.
Ҳарчанд солҳои аввали аз сари мансаб рафтани бобояш ӯ хурд буд ва хотироте аз он рўзгор қариб дар ёдаш нест, вале аз рўи гуфти баъзе аз дугонаҳояш, ки аз забони бобою бобокалонашон шунида буданд, бобокалони вай ҳамагӣ ду сол пеш аз пош хӯрдани Империяи Бузург дар синни 87 – солагӣ бо дунёи ҳастӣ падруд гуфт ва ана дар ҳамон вақт писари якаву ягонааш, ки муншии аввали ҳизби коммунистии ноҳия буд, дар маросими хондани ҷанозаи падар иштирок накард. Ба андешаи мардум он солҳо “Ҳар нафас, ҳар қатра хун, ҳар тори мўӣ собиқ муншии аввали ҳизб коммунист буда”...
Боре ў дар танҳои дар бораи ҳамин овозаҳо аз бобояш пурсон шуд.
-Ҳамааш рост, Парвинҷон, ба ростӣ акнун бобоят он ҳасрати дар дил доштаашро, ки дар ҷанозаи падар иштирок накард, ба гӯр мебарад. Чӣ хеле борҳо гуфтам, он Империяи Бузургро кирмҳои дохилаш хӯрданд, чунки болшевикҳо хатои ҷиддӣ содир намуда, динро афюни халқ номиданд ва бо тўҳмати нафарони бесаводу чаласаводе даҳҳо, не садҳо олимони исломшиносро ба маҳкама кашидаю несту нобуд карданд. Чун аксари мардум мусулмон будаву ба дини хеш устувор монданд, ҷаҳони империализм онро ба манфиати хеш ҳаллу фасл намуд. Рафту он давлати бузург, ки ҷамъияти бехудоёнро барпо кардан мехост, дучори шикаст намешуд, миллатҳои гуногун асли хешро гум мекарданд. Дин ин эътиқод ба Офаридгори ягонаи оламу одам аст ва маҳз ҳамин эътиқод инсониятро ба роҳи рост ҳидоят мекунад, чунки он чун нур равшангари роҳҳи ҳар яки мост,- посух гуфт он рўз бобо ба суолҳои набера...
Дигар вай боре сари ин масъала бо бобояш баҳс накард, чунки асли гапро шунид. Сухани хубро аз дил ба дил роҳест ва ў итминони комил дорад, ки новобаста аз ҳама курсию мансаби доштааш бобояш тарафдори давлати миллист, тарафдори давлатест, ки асли хешро ҷўё аст ва баҳри пойдории асли хеш ҷаҳду талошҳо дорад...

пешина
аз 499
навбатӣ