Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Дар зери навои созу дойра арӯсу домодро гусел намуданд.
Чун Парвина дар паҳлуи арўс буд аз рўйи таомул боз дар мошин ҳам паҳлуи Фарангис нишаст. Дар ҳамин асно нафаре, ки ўро аз чанголи “боз” раҳо намуда буд, паҳлуи дари мошин қоматашро дуққат намуда, барои навхонадорон бахту иқболи баландро таманно намуда, оҳиста ва ноаён ба дасти дугонаи арўс, ки аллакай таваҷҷуҳашро бедор намуда буд, коғазпораеро гузошт...
Духтар ҳам каломе ба забон наоварда ҳамон хел ноаён он коғазпораро ба зери панҷаҳояш фишурда, бо табассуми зебое дар он нигоҳи яклаҳзаинаи хеш соҳиби номаро бовар кунонид, ки метавонад умед ба оғози қисса бандад...
Ин амал нек буд ё бад, ў худ нафаҳмид, шояд дар дигар ҳолат мебуд ба оне, ки бе калому бе салом номаро ба дасташ гузошт, сухане мегуфт ва аз авлоди ашрофзодагон будани худро собит месохт, вале имрўз ў бо чашми хеш дид, ки муҳаббат ҳам аз бепарвоӣ мемирад, вагарна ў куҷою Фарангис куҷо. Духтар ҳатто бовар кардан намехост, ки Фарангисро падару модари домод писандидаю хостгорӣ карда бошанд. Не, чунин шуданаш асло мумкин нест, ин ҷо албатта нимкосае зери коса ҳаст ва Фарангиси хапаку лапак ин қиссаро баҳри он ба гӯши ман расонид, ки аз худ фаришта тарошад...
Баъди ду рўз ў бо рақами телефоне, ки ровӣ ҳангоми гусели арўс оҳиста ва ноаён ба дасташ гузошта буд, занг зад ва худи ҳамон бегоҳ ба ҷои вохӯрӣ рафт. Салим (ҷавонро чунин ном буд ) ўро ба тарабхона даъат кард, вале духтар розӣ нашуд.
Онҳо дар кӯча хеле қадам заданд ва ў фаҳмид, ки Салим хатмкардаи институти тарбияи ҷисмонист ва дар кадом як мактаби миёнае ба хонандагон дарс медиҳад.
Дар вохӯрии сеюм ў ҳамроҳи Салим ба ҳуҷраи иҷоравиаш рафт ва он шаб аз кадом авлод будани худро ба гӯшаи фаромӯшӣ дода, ба ҷавон таслим шуд. Баъди чор моҳи вохӯриҳо Салим бо дигар кас издивоҷ намуд ва ў дигар тоқат накарда рафта, худро ба дарёи пуртуғёни Душанбе партофт.




