Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Сипас вай ба наҷотдиҳандаи хеш Солеҳ Қамар дил бохт ва бонуи дуюми ў шуд...
...4...
-Оё беҳтар набуд, ки ўро муваққатан боздошт менамудем?- баробари дидани банда пурсид муфаттиш.
-Вай аллакай дар зери назорат аст.
-Боз нашаваду...
-Ҳамааш нағз мешавад.
-Ҳоло вай дар куҷост?
-Дар ҳамон қаср.
-Танҳо?
-Танҳо.
-Дирўз ҳангоми ҷаноза ягон тағйиротеро ҳис намудед?
-Не.
-Дар бораи ашрофидухтар ягон маълумоти саҳеҳтаре ба даст овардед?
-На беш аз он чӣ ки медонистем.
-Усмон Баширро дидед?
-Не, дурустараш чанд рўз боз ўро касе надидааст.
-Яъне,ки...
-Мо наметавонем ба Парвина Қамар бовар накунем.
-Пас чаро ў худаш ба ҷой ҳамкорӣ кардан аз мо дурӣ меҷӯяд ва бо васила вазъи хонумашро аз бад бадтар мекунад?
-Намедонам.
-Се шабонарўз мо вайро ҷустуҷў дорем, вале натиҷае нест.
Сари субҳ шеф дар ин бора изҳори нигаронӣ намуда, бандаро ба он айбдор карданӣ шуд, ки чаро ҳамсари бевафои марҳумро боздошт нанамудам.
-Дар пеши даҳан кутал нест, чаро ба вай нагуфтед, ки рафту зан бегуноҳ бошад чӣ...
-Гуфтам, вале шеф мақоли халқи “тезии корд дар нӯги корд”-ро дубора ёдрас шуд.
-Тайи ҳамин муддате, ки мо вайро бояд муваққатан боздошт менамудем, ў дар зери назорат аст, ба замми ин дар асоси қарори шумо гуфтугуи телефониаш низ...
-Аз ҳама ин назорату телефонкуниҳо чӣ суд, илова бар ин мо ҳатто нафареро, ки бояд алибии вайро тасдиқ ва ё рад мекард, наёфтем.




