Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 499 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Ба ҷуз соҳиби гов дузд ҳам Худо мегӯяд.

  • Соҳиби гов гуфта киро дар назар доред?
    -Парвина Қамарро.
    -Аз ин бармеояд, ки дузд худи мо ҳастем?
    -Андешаҳои ботилро аз сар дур намоед!
    -Нафаҳмидам.
    -Дузд гуфта ман онҳоеро дар назар дорам, ки намехоҳанд Парвина Қамар бо алибии доштааш бегуноҳиашро собит созад.
    -Чӣ?
    -Он чӣ шунидед.
    -Аз куҷо ба чунин хулоса омадед?
    -Аз он, ки мо бо ҳама ҷаҳду талошҳо Усмон Баширро наёфтем.
    -Шумо худ дар ин бора чӣ андеша доред?
    -Ҳоло чизе гуфта наметавонам, вале ба гумон аст, ки мо тариқи ҳамин ҷавонмард нӯги ин гиреҳро ба даст оварда тавонем.
    -Охир Парвина Қамар гуфт, ки Усмон Башир дасти рости шавҳараш буд.
    -Дасти рости шавҳараш ё ҷӯраи худаш. Бубин дар замоне, ки шавҳар дар бешазорони Сибир чӯбу тахта гирд меовард, завҷаи меҳрубони ў ними бистари дасти росташро гарм мекард ва боз дар куҷо.
    -Ба рости чизеро нафаҳмидам.
    -Ба фикрам, дар ин бозии қисмат боз нафарони дигар ҳам шариканд ва онҳо аз нигоҳи мантиқ дар назди Солеҳ Қамар қариб тавоноие надоранд аз ин рў бо вай дар рўӣ замин якҷоя зиндагӣ карда наметавонистанд. Аҷаб нест ана ҳамин гурӯҳҳо ё шояд афроди алоҳида баҳри нафаре, ки ба замин донаи тухме накошта, аз ҳисоби фурӯши он (ҳарчанд фурухтани замин дар асоси Қонун манъ карда шудааст) ба тиҷорати калон роҳ ёфта, муросо карда натавонистанд ва хостанд тоҷири қайсарро ба зону шинонанд. Ба ҳамин хотир онҳо чандин роҳу воситаҳоро истифода бурданд ва кушторро тарзе ташкил намуданд, ки худ дар соя монанд.
    -Магар роҳи дигаре барои амалӣ намудани ин кор вуҷуд надоштааст?
пешина
аз 499
навбатӣ