Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

-Дишаб ман сари ҳодисаи рухдода бисёр андеша намудам.
Аз нигоҳи банда ҳодиса тасодуфан рух додааст. Ҳамаи инро чӣ сабаб аст, мо то кунун намедонем, вале ҳеҷ гоҳ нафаре, ки қасд ба ҷони шахси дигар мекунад, аз хизмати афроди бетаҷриба истифода намебарад. Барои ин “мутахассисони “ ботаҷриба ҳастанд ва онҳо дар мавриде, ки истифодаи яроқ ҳатмист, ҳаргиз вориди манзили истиқоматӣ намешаванд, чунки медонад қасрҳои боҳашамат аз нигоҳи техникӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд. Ба замми ин, мо аллакай медонем, ки қотил ниятҳои нопокашро аз масофаи хеле наздик амалӣ намудааст.
-Пас ў кист?
-Намедонам.
-Набошад ў чӣ тавр ва ба кадом мақсад вориди он хона шудааст?
-Ў якҷоя ҳамроҳи сайдаш вориди он хона шуда ё дурусттараш Солеҳ Қамар ўро худаш ба хона таклиф намуда.
-Гумон намекунам, ки Сореҳ Қамар ҳамҷинси хешро ба хонааш таклиф карда бошад.
-Айнан чунин аст.
-Яъне, дар ин бозии пуршӯру шар боз зан рўӣ саҳна меояд.
-Рӯзҳои пеш мо бар хилофи имрўз андешаи дигар доштем, вале чун Усмон Баширро наёфтем, гумон мекунам, ки ҳодиса бе иштироки зан рух надодааст.
-Зан қотил, магар дар нисбати ҷинси латиф чунин андешарониҳо беэҳтиромиро ба бор намеорад?
-Занҳои ба истилоҳ “ҷасур” ҳам дар ин шабу рўз кам нестанд.
-Агар ҳодиса тасодуфан рух дода бошад, онҳо чӣ мехостанд?
-Мехостанд шавҳарро тариқи “корномаҳои” ҳамсараш ҷазо диҳанд, ин як. Дуюм, мехостанд барои ҳарду тараф “компромат” (ҳуҷҷат ва аксҳое, ки характери фошкунандагии гуноҳро дорост) тайёр намоянд. Дар он сурат Солеҳ Қамар ҳам бояд бонуи дигаре дошта бошад ва ман аминам, ки ана ҳамон маъшуқааш бо душманонаш забон як карда. Сеюм, нотавонбинонаш мехостанд тариқи компромат ҳарду тарафро дар алоҳидагӣ шантаж намоянд.




