Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

-Ҳамин андешаҳои шуморо мо метавонем чун назарияи кори ба инобат гирем.
-Оё гуфтанӣ нестед, ки чаро мо назарияҳои ба нақша гирифтаи хешро чун дастпӯшакҳои ҷарроҳӣ иваз мекунем?
-Ҳамаи инро сабаб он аст, ки мо то кунун самти ҳаракати хешро дуруст муайян накардаем. Ҳаракатҳои мо ҷоришавии рӯдеро ба ёд меорад, ки ба монеаҳо рў ба рў шуда, аз самти аслии ҳаракати хеш берун баромадааст.
-Дарё ҳамеша маҷрояшро меёбад.
-Агар дарё бузург бошад, вагарна замини ташналаб онро ҷабида хушк месозад.
-Давлат ҳам чун ҳамон дарёҳои бузург мағлубнопазир аст ва ҳар ки бар хилофи қонун аз маҷрои хеш берун мешавад, ўро аз ҷавобгарӣ роҳи гурез нест.
-Қувваи мушт дар муттаҳидии ангуштон аст ва албатта бо дастгирии якдигар мо аз ин варта берун хоҳем шуд.
-Иншооллоҳ, гуфтам ман азми аз ҷой бархостан намудам.
-Чӣ, ба ягон ҷо шитоб доред?
-Воҳид Камол супориш дод, ки пеш аз ба шаҳраки Оби Гарм рафтан як сари қадам шуморо бубинам, барои ҳамин...
-Ташаккур, ки омадед. Ба шумо роҳи сафедро таманно дорам.
Қарибиҳои шом ман ба шаҳраки Оби Гарм расидам.
Баъди тоб хурдани автомашина дар гардиши калон ман аз ронанда хоҳиш намудам, ки автомашинаро боздорад...
Бо ронанда худоҳофизӣ намуда, боз масофаи сад – садупанҷоҳ метрро тай карда ба қафо рафтам ва дар рў ба рўӣ дарвозаи фӯлодине. ки дар болояш “Осоишгоҳи Оби Гарм” навишта шуда буд, тағофул намудам.
Ба нафаре, ки пеши дарвоза меистод, ҳуҷҷатамро нишон дода, ба самти ҷануб ба он ҷое, ки бинои марказии осоишгоҳ қомат афрохта буд, ҳаракат намудам...
Роҳравҳои қирпӯши саҳни осоишгоҳ, ки чун рагҳои хунгард биноҳои атрофро бо ҳам мепайванданд, дар он лаҳзаҳо хеле серодам буданд. Онҳое, ки баҳри табобат ба он манзил ташриф оварда буданд, ҷуфт-ҷуфт ё шомили гурӯҳи хурде дар он роҳравҳои зебо оҳиста – оҳиста қадам мезаданд.
Ба ростӣ, аз дидани чунин манзара ман сару калобаамро гум кардам, чунки ба кӣ муроҷиат намуданамро ҳам намедонистам.




