Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 499 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Шояд онҳое, ки аллакай худро муқими он боргоҳи табобатӣ меҳисобиданд, бандаро чун мизоҷи навомада қабул намуданд, ки мӯйсафеди нуроние баъди ба саломам посух гуфтан бандаро ҳушдор сохт, ки тезтар ба назди маъмур шитобам, чунки баъди бист дақиқа тановули шом мешавад.
Ба эшон ташаккур гуфта, ба ҳамон самте, ки бандаро барои давом додани роҳ ҳидоят намуда буд, ҳаракат кардам.
Бархилофи нозири пеши дарвоза, ки як марди тануманди паҳлавонсурат буд ва ба пиндори ҳамонлаҳзаинаи банда агар ба девор мушт мезад, он девор бемуҳобот чапа мешуд, маъмури осоишгоҳ ҷавонзани мавзунқомате буд, ки намуди зоҳириаш хонандаи мактаби миёнаро ба ёд меовард. Ў дар саҳни ошёнаи якуми бино паси мизи корие, ки маъмурон дар меҳмонхонаҳои панҷситорадор менишинанд, саргарми ҳисобу китоби ҳуҷҷатҳои дар болои миз гузошта шуда буд. Аз эҳтимол дур набуд. ки вай ба баромаду даромадани нафарони дар осоишгоҳ буда он қадар одат карда буд, ки ҳатто дар рў ба рўяш тағофул намудани бандаро эҳсос накард. Аз ин рў, маҷбур шудам, ки баъди лаҳзаи интизорӣ гулў рўшан намоям...
Ҷавонзан дилу бедилон нигоҳашро аз коғазҳои болои миз канда, ба сўйи ман нигариста гуфт: -Марҳамат, ҳуҷҷатҳоятонро пешниҳод намоед.
-Нафаҳмидам.
-Чияш нофаҳмо?
-Ҳамааш.
-Тарзе сухан мегӯед, ки кас гумон мекунад сокини сайёраи дигар бошед.
-Магар бе роҳхат ҳеҷ имкони сокини ин ҷо шудан нест?
-Ҳамааш ба шумо вобаста.
-Бандаро боз як мушкиле ҳаст.
-Гӯш мекунам.
-Ман ҳатто шиноснома надорам.
-Пас чӣ тавр аз дарвоза ворид шудед?
-Нафари дар пеши дарвоза буда бандаро бе ягон дудилагӣ фаҳмид...

пешина
аз 499
навбатӣ