Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

-Дасташро, албатта, сафед кардед?
-Аз куҷо фаҳмидед?- бо нимтабассуме гуфтам ман.
-Аз он ки шумо бе мамониат вориди осоишгоҳ шудаед, дар хотир дошта бошед, ки нафари дар назди дарвоза истода замоне дар мусобиқаи ҷумҳурявӣ оид ба бокс соҳиби медали биринҷӣ шуда, вале баъди ба иҷора гирифтани паси ҳамин дарвоза ў аз варзиши калон даст кашида.
-Яъне, курсии паси дарвоза ҳам ҷойи равғанин аст?
-Инро аз забони шумо мешунавам.
-Сирри идора гӯед.
-З-и ҷуе, ки хӯрдӣ аз он оби пок, Нашояд фикандан дар он сангу хок.
-Браво,браво.
-Агар ҷой гирифтанӣ бошед, вақтро беҳуда сарф накарда, метавонед даст ба ҷайб баред.
-Пул бошад, дар ҷангал шӯрбо ё гапам нодуруст?
-Ҳама чизро дар ин замона пул ҳал мекунад.
-Рафту ҷайби банда холӣ бошад - чӣ?
-Бе пул суханат асар надорад.
-Ана бо ин чӣ?- гӯён ман шаҳодатномаи хизматиамро бароварда ба дасти он ҷавонзани пулпараст додам.
-Милисаҳо ҳам чунин шӯх мешуданд,- баробари шиносоӣ бо ҳуҷҷати дар дасташбуда изҳори назар карда гуфт маъмури осоишгоҳ. Ҷавонзан ин суханро он қадар бо такмину ором гуфт, ки дар лаҳзаи аввал ман худам ҳам суҳбати лаҳзае пеш бо вай доштаамро чун шӯхӣ арзёби карданӣ шудам, вале дар асл ў гурги борондидае буд, ки аз ҳама варта баромада метавонист.
Ман аз чунин лаҳзаи муносиб истифода бурда, аз ҷайбам расми Парвина Қамарро бароварда, болои миз гузоштам.
-Аз ман чӣ мехоҳед?- баробари расмро ба даст гирифтан пурсид маъмури осоишгоҳ.
-Сараввал донистан мехоҳам, ки шумо дар бораи ин зан чӣ медонед?
-Қариб ки ҳеҷ чиз.
-Оё гуфтанӣ нестед, нафареро, ки аксашро дар даст доред, бори аввал мебинед?
-Не.
-Набошад шуморо гӯш мекунам.




