Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 499 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Ин кас муддати як ҳафта дар ҳамин осоишгоҳ табобат гирифтанд.
-Танҳо?
-Танҳо.
-Ному насаб?
-Аз ман?
-Не, аз нафаре, ки аксашро дар даст доред.
-Номашро Зуҳро гуфт, насабашро намедонам.
-Шояд дар дафтари қайдҳо сабти ном шуда бошад?
-Не, қайд шудагӣ нест.
-Пас чӣ тавр ўро ба осоишгоҳ ҷо ба ҷо намудед?
-Ман аллакай дар оғози суҳбат ҳамаашро ба шумо гуфта додам.
-Яъне, бе ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсияташ вайро ҷо ба ҷо намудед?
-Бале.
-Вай кай аз ин ҷо рафт?
-Субҳи рўзи 27-уми апрел.
-Аниқ?
-Аниқ.
-Ў танҳо рафт?
-Чӣ гӯям?- сар ба зер афканда гуфт мусоҳибам.
-Росташро.
-Оё нафаре, ки аксашро бо худ овардаед, ба ягон ҳодиса дучор шуд?
-Беҳтар мешуд, ки ба суолҳои банда посух мегуфтед.
-Не, ў ҳамроҳи Рустам рафт.
-Рустам кист?
-Зуҳро гуфт, ки нафари ҳамроҳаш буда кавалераш
(хушдораш) мебошад.
-Насабаш?
-Бо хоҳиши Зуҳро мо ҳуҷҷатҳои эшонро ҳам надидем,
дурусттараш онҳо гуфтанд, ки бо худ ягон ҳуҷҷат надоранд ва
акнун хоҳиш мекунам бигуед бо Зуҳро ягон ҳодиса шуд?
-Ба андешаи шумо чӣ?
-Аз он чӣ ки корманди милиса ба ин ҷо ташриф овардааст, гумон мекунам ҳодисае рух дода.

пешина
аз 499
навбатӣ