Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

-Дуруст гумон намудаед, акнун мегуфтед, ки Зуҳро нафари ҳамроҳаш бударо чӣ гуфта ба шумо муаррифӣ намуд?
-Чӣ хеле аллакай гуфтам, Зуҳро нафари ҳамроҳаш бударо чун кавалераш муаррифӣ намуда, ҳамзамон бандаро бовар намудан хост, ки онҳо ба наздики нияти издивоҷ кардан доранд, вале намехоҳанд, пеш аз пода чанг андозанд.
-Ба ивази ин ҳама некиҳоятон ў чӣ маблағеро ба харҷ дод?
-Чун ҳама истироҳаткунандагони дигар аз рўӣ нархномаи тасдиқнамуда.
-Бовар намекунам.
-Чаро?
-Шумо лаҳзае пеш бандаро огоҳ намудед, ки бе пул суханат асар надорад.
-Ман шӯхӣ кардам.
-Баръакс, шумо он лаҳза ҳақиқатро гуфтед.
-Кадом ҳақиқат? Ман шӯхӣ кардам, мефаҳмед шӯхӣ, наход шӯхиро нафаҳмед?
-Аз хотир набароред, ки оби рехта, шишаи бишкаста ва сухани аз забон бурун ҷастаро гирд овардан ғайриимкон аст, аз ин рў беҳтар мебуд, ки ҳақиқатро мегуфтед, дар акси ҳол ман маҷбур мешавам шуморо барои додани нишондоди расмӣ ба коргоҳи хеш даъват намоям. Аминам, ки чун сад километр масофаро тай намуда, ба назди муфаттише, ки санҷиши ҳодисаро дар атрофи корнамоиҳои нафаре, ки шумо аз вай ширинкома гирифтаед, ба душ дорад, рафтед, нағмаю усулатонро ҳам дигар хоҳед кард.
-Аз осиёб касе бе гард намебарояд.
-Яъне, гирифтани ширинкомаро инкор намекунед?
-Не.
-Хуш он чӣ маблағест?
-Бист фоиз сарборӣ ба маблағи асосие,ки барои як нафар дар роҳхат пешбинӣ мешавад.
-Маблағи роҳхат чӣ қадар аст?
-Барои дувоздаҳ шабонарўз ҳазор сомонӣ.
-Бист фоиз ба калом хотир?
-Барои сабти ном нашуданашон.
-Магар он ду ҳазор сомонӣ басанда набуд?
-Маблағи асосиро мо ба буҷаи осоишгоҳ месупорем.




