Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 499 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Агар насупоред чӣ?
-Чунин шуданаш ғайриимкон аст.
-Чаро?
-Чунки осоишгоҳ бо роҳи худмаблағгузорӣ амал мекунад ва назора дар ин ҷода ниҳоят сахт аст.
-Пас роҳбарият дар бораи қайди ном нашудани он ду нафар медонанд?
-Не, албатта.
-Инро чӣ хел фаҳмидан мумкин?
-Онҳо дар ҳуҷраҳои алоҳида сабти ном шуда, ва маблағ бемуҳобот пардохт шуда. Барои роҳбарият ҳаминаш кифоя.
-Зердастон ба чӣ кор машғуланд, барои онҳо чандон муҳим нест?
-Ҳар кӣ аз рўӣ маҳорати доштаи хеш чарх мезанад.
-Дар аввали суҳбат гуфтед, ки ному насаби он ду нафарро дар ягон ҷо сабт накардаед?
-Ному насаби аслиашонро сабт накардаам.
-Пас чиро сабт намудед?
-Ҳамон ному насабе, ки онҳо худро муаррифӣ намудаанд.
-Канӣ он сабтҳо?
Ҷавонзан яке аз китобҳоро, ки дар гӯшаи миз меистод, ба даст гирифта, пас аз лаҳзае нафаси осуда кашида гуфт: - Ана ҳардуяшон ин ҷо сабти ном шудагӣ. Сипас, ў аз ҷояш бархоста, китобро ба назди ман овард ва бо ангушташ он сабтҳоро бароям нишон дод.
-Зуҳрои Ҳамроҳ, сокини шаҳри Душанбе, кӯчаи Ҳилолиён 23.
-Рустами Акбар, сокини ноҳияи Файзобод, деҳаи Лақайён.
Онҳо дар ҳуҷраҳои рақами 25 ва 27-и бинои асосӣ сабти ном шуда буданд.
-Онҳо дар ҳақиқат дар ҳуҷраҳои алоҳида зиндагӣ мекарданд?
-Аз рўӣ ҳуҷҷатҳо алоҳида.
-Дар асл чӣ?
-Дар асл ҳарду дар як ҳуҷра иқомат доштанд, вале бисёр мекӯшиданд, ки рафторашон аз чашми атрофиён пинҳон монад.
-Яъне, ба чашми мардум хок мепошиданд?

пешина
аз 499
навбатӣ