Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

-Айнан ҳамин хел.
-Чунин ҳодисаҳо бисёр рух медиҳанд?
-Чӣ хел ҳодисаҳо?
-Ба чашми атрофиён хок пошиданҳо?
-Ин ҷо осоишгоҳ аст ва мо наметавонем садди роҳи истироҳати мизоҷон гардем.
-Яъне, ҳар киро, чӣ ҳавою ҳавасе дар сар аст, амалӣ шуданаш душворие пеш намеорад?
-Чунин ҳодисаҳо аҳён-аҳён рух медиҳанд, вале гумон намекунам маркази ҳамаи ин шӯру шар танҳо осоишгоҳи мо бошад.
-Яъне, дар дигар осоишгоҳо ҳам чунин ҳодисаҳо ҳаст?
-Шумо инро аз ман беҳтар медонед.
-Моем дар ин гунбади фирўзарухом...
-Бале.
-Давомаш чӣ буд?
-На кофири мутлақ, на мусулмони тамом.
-Донистан мехостам, ки оё шаби 26 – ум ба 27 – уми апрел Зуҳро ва Рустам то субҳ дар осоишгоҳ буданд ё не?
-Он шаб ман соати 2210 дақиқа ба хона рафтам ва соати 0600 дақиқаи субҳ боз ба ҷойи кор омадам.
-Магар рўзи кори дар осоишгоҳ соати шаши субҳ оғоз мегардад?
-Не, оғози рўзӣ корӣ дар ин ҷо ҳам соати 800 аст.
-Пас чаро шумо?
-Шабона, вақте ки ман нияти ба хона рафтан намудам, Зуҳро хоҳиш кард. ки илоҷе намуда соатҳои шаши субҳ ба осоишгоҳ биёям, чунки онҳо нияти барвақттар ба шаҳр рафтан доранд.
-Яъне, субҳи рўзи 27-уми апрел шумо бо хоҳиши Зуҳрои Ҳамроҳ ба осоишгоҳ омадед?
-Бале.
-Сипас чӣ шуд?
-Чун ман омадам, онҳо ҳуҷҷатҳояшонро ба дастам дода, бо банда худоҳофизӣ намуданд.
-Рафту агар нафари ҳамроҳи хонумеро, ки аксаш дар дастатон ҳаст, бубинед, мешиносед?
-Албатта.




