Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 499 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Сипас, ман аз ҷузвдони дар дастам буда чанд аксеро. ки аз рўӣ эҳтиет пеш аз ба осоишгоҳ омаданам гирифта будам ва дар байни онҳо акси Усмон Башир ҳам буд, бароварда, болои миз гузошта, аз маъмур барои муайян намудани шахсияти нафари бо Зуҳрои Ҳамроҳ буда ёрӣ хостам.
-Ана ҳамин кас,- гуён ҷавонзан аз байни он панҷ акси дар болои миз буда ба ман акси Усмон Баширро нишон дод.
-Номашро чӣ гуфтед?- дубора пурсидам ман.
-Рустами Акбар.
-Шумо ҳоло ҳам ҳамин ҷо,- садо додани овози шиносе бандаро аз давом додани муколамаи навбатӣ бо ҷавонзане, ки дар курсии маъмур менишаст, раҳо кард ва ман дилу бедилон ба тарафи нотиқ тоб хӯрдам. Дар рў ба рўям боз ҳамон мӯйсафеди нурониро, ки бандаро ба назди маъмур фиристода буд, дида, нисбати таваҷҷуҳаш посух додам:

  • Бале то кунун ҳамин ҷоям.
    -Чӣ ягон мушкилоте ҳаст?
    -Не, амакҷон.
    -Агар бошад, шарм надошта гўед, ҳарчӣ аз дастамон биёяд ёрӣ медиҳем.
    -Ман хостам дар бораи “корнамоиҳои нафароне,”ки дар атрофашон бо ҷавонзан суҳбат доштам, аз нафаре, ки ёрии беғаразонаи хешро бароям пешкаш намуд, пурсон шавам, вале ҳамоно аз райъам гаштам,чунки нахостам аз меҳрубониҳои эшон истифода бурда, осоишашро халалдор сохтаву ўро ба гирдоби ин ҳама шӯру шар ҳаво диҳам. Ба ростӣ, чеҳраи мӯйсафед ба назарам он қадар шинос намуд,ки...
    -Бубахшед, агар суҳбати шуморо халалдор карда бошам,- гӯён мўйсафед ба тарафи зинаҳое, ки дар самти муқобили он долони барҳаво сохта шуда, баҳри ба ошёнаҳои боло баромадан хизмат мекард, ҳаракат намуд.
    Ҳамин як “бубахшед” гуфтани мӯйсафед мисли путке буд, ки гўё ба сари ман зад, чунки аз эҳтимол дур набуд, ки дар рафтори банда кадом як ҳавобаландиеро (ба пиндори ҳамон лаҳзаи ман) ҳис намуд. Маҳз ҳамин як сухан таконеро дар мизони хотироти ман ба бор овард ва шахсияти эшонро бо дермонӣ ҳам бошад, рўӣ монитори хотирам баровард...
    -Манро ҷеғ зада будед?
пешина
аз 499
навбатӣ