Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 499 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Марҳамат гузаред,- гӯён Оврутски Илья Яковлевич курсиеро барои нишастани банда нишон дод.
Бандаро ба ҷуз итоат дар он лаҳза дигар чорае набуд ва ман амонат ба курсӣ нишаста, гумон намудам, ки худи ҳозир устод борони таънаю маломатро ба сарам мерезад, чунки кори дипломӣ хеле калон буд. Он қадар калон, ки баробари як рисолаи номзадӣ дар ҳаҷми 232 саҳифаи чопи сеинтервалии мошинкагӣ. Аслан аз сухан дида дар он нақшаҳо бештар буд ва маҳз ҳамин нақшаҳо сабабгори ҳаҷман зиёд шудани он гашт.
-Бад нест, - ниҳоят хомӯшии ба вуқўъомадаро шикаста овоз рўшан намуд Илья Яковлевич, - вале ба ин боз тақриз лозим. Ҳоло як нусхаи онро ба Вазорати тандурустӣ ва нусхаи дигарашро ба Раёсати БДА-и ВКД супориданамон лозим.
Ҳозир ба котибот рафта мактуби расмиро ба номи шахсиятҳои аввали ҳарду вазорат мегирию ба пеш!
Ҳамон вақт банда дар Раёсати БДА як нусхаи кори дипломиро дар мавзуи “Ҷароҳати автомобилӣ бардоштани ноболиғон ва қиёси он бо намудҳои дигари ҷароҳатҳои ноболиғон дар давоми панҷ сол аз рўӣ ҳуҷҷатҳои ВКД ва Вазорати тандурустӣ” - ро ана ман ба дасти ҳамин мард дода будам. Рост гуфтаанд, “кабгак, ки дар саҳро рафт, сурхиро аз пой худ мебинад.” Мо ҳам он замон тақризи эшонро баъди як ҳафта рафта гирифтему ўро ба гӯшаи фаромӯшӣ додем...
-Домулло, як дақиқа, - ниҳоят овоз рўшан намудам ман ва мўйсафед, ки нав ду ё се зинаро баромада буд, аз шунидани садои ногаҳонӣ дар ҷояш истод.
-Узр, ки шуморо нашинохтам,- устод баробари ба вай наздик шудан гуфтам ман.
-Акнун замони шинохтани мо гузашт, додар,-гӯён мӯйсафед хост роҳашро давом диҳад. Маълум буд, ки рафтори банда ба эшон чандон писанд наомада. Дар ин ҷода ман чандон хафа ҳам нашудам, чунки борҳо шунида ва ҳатто хонда будам дили онҳое, ки ба илм даст ба гиребонанд, ниҳоят нозук мешавад. Кам не, ғам не нафаре, ки акнун дар рў ба рўям меистод ва дар замоне, ки барои кори дипломиам тақриз навишта буд номзади фанҳо буд.
-Устод, ба ростӣ ман ба ёрии шумо ниёз дорам.

пешина
аз 499
навбатӣ