Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 499 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Гӯшам ба шумо,- гӯён эшон ба хотири нашикастани сухани ман аз баҳри он се зинаи баромадааш даргузашту ба поён омада дасташро барои вохӯрӣ дароз намуда худро муаррифи кард: - Наврўзов.
-Абдумаҷидов,- дасти мусоҳибамро фишурда гуфтам ман ва ҳамчунин ба мўйсафед хабар додам, ки корманди милиса ҳастам.
-Аз ман чӣ мехоҳед, модоме, як маротиба таклифи бандаро, ки мехостам ба шумо ёрӣ диҳам, напазируфтед.
-Бе пир марав, ки дар бимонӣ, аз ҳамин лиҳоз ба шумо муроҷиат намудам. Сухани шуморо дар лаҳзаи аввал баҳри он рад намудам, ки намехостам осоишатонро халалдор созам.
-Аз куҷо гирифтед, ки банда метавонам ба шумо ёрӣ диҳам?
-Шумо чанд сол пеш ҳам ба ман ёрӣ дода будед, вале афсӯс ки...
-Наход.
-Бале, устод он солҳо ман донишҷӯ будам.
-Ва он чӣ хел ёрӣ будааст?
-Он солҳо шумо ба кори дипломии банда тақриз навишта будед, ин ҷо бошад ман шуморо нашинохтам.
-Ин кадом солҳо буд?
-Қариб бист сол пеш.
-Бист сол пеш ман дар ҳамин сину соли шумо будам, он солҳо ман дар Раёсати БДА ифои вазифа доштам.
-Айнан чунин буд.
-Ҳоло чӣ нақшаҳо доред?
-Аз рўӣ коре ба ин ҷо омадаам, акнун гашта рафтаниам.
-Корҳоро пурра саранҷом додед?
-Не, вале гумон мекунам, корҳои ҷустуҷўӣ аллакай маҷрои хешро гирифтаанд.
-Кори хона ҳаргиз ба бозор рост намеояд. Рафту агар корҳоятонро ба анҷом расонида натавонистед, ман дар ошёнаи дуюм, ҳуҷраи бисту шаш.
-Қабул.
-Кори шаб хандаи рўз, - гӯён мўйсафед Наврўзов, ки банда бо ҳама кӯшиши хеш номашонро ба ёд оварда натавонистам, бо ман худоҳофизӣ намуд.

пешина
аз 499
навбатӣ