Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 499 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ман боз ба назди маъмурзан баргашта ба суоле, ки “он шаб дар назди дарвоза кӣ буд?” муроҷиат намудам.
-Он кас фардо субҳ меоянд.
-Манзилшон дар куҷост?
-Дар деҳаи Ҷавонӣ
-Имконияти ба он ҷо рафтан ҳаст?
-Имконият ҳаст, вале бе машаққат ба он ҷо рафтан ғайриимкон аст, беҳтар мешуд то фардо субҳ сабр мекардед.
-Ин хел бошад, ба ман як ҷой.
-Ошёнаи сеюм, хонаи 35, - калидҳоро ба дастам дода гуфт маъмурзан.
...5...
Рафту агар ман муссавир мешудам, ҳамон манзараеро ба риштаи тасвир мекашидам, ки имрўз ҳангоми бозгашт аз Оби Гарм ба Душанбе дида будам...
Қарибиҳои дамидани субҳ борон гирифт. Маҳз аз уллоскашии шамол ва ба шишаи тиреза бархӯрдани қатраҳои борон ман бедор шудам. Новобаста аз он ки дишаб ҳамроҳи устод Наврўзов то гузаштани посе аз шаб суҳбат намудему сипас ман ба ошёнаи сеюм баромадам. Соате боз болои бистари мулоим дар атрофи ҳодисаҳое, ки бандаро ба ин мавзеъ овард, хеле майна об кардам.
Дишаб ман дар омади гап аз устод Наврўзов оиди нафароне, ки дар муқобили ҳуҷраи вай муддате иқомат доштанд, пурсон шудам, вале Нурмуҳаммад Наврўзович новобаста аз он ки ҳардуро аз рўӣ аксҳояшон шинохт, бандаро бовар кунонид, ки боре ҳам якҷоя онҳоро чун дилдода вонахӯрда...
Дар торикӣ ҳам бошад, дар он манзили хомӯш ман имконияти пурра доштам, ки шунидаҳои хешро аз забони собиқ полковники милиса бо нишондоди Ҷамилаи Худоёр (маъмури осоишгоҳро чунин ному насаб буд ) қиёс намоям.
Аз рўйи ҳуҷҷатҳо нафароне, ки ба хотири пинҳон намудани рози ниҳони хеш аз гуфтани номи аслии хеш шарм дошта ва ба ҳамин хотир илова ба маблағи дар роҳхат пешбинишуда боз бист фоиз сарборӣ чун ширинкома ба Ҷамилаи Худоёр дода буданд, боз дар амал низ эҳтиёткор буданд. Агар чунин набудӣ, чӣ тавр метавонист марде, ки мўй сари хешро дар милиса сафед намудаву дар рў ба рўӣ ҳуҷраҳои онҳо иқомат дошт, боре ҳам онҳоро чун дилдода набинад.

пешина
аз 499
навбатӣ