Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 499 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Онҳо дар ҳақиқат дар ҳуҷраҳои алоҳида зиндагӣ мекарданд?
-Аз рўӣ ҳуҷҷатҳо алоҳида.
-Дар асл чӣ?
-Дар асл якҷоя буданд, вале бисёр мекӯшиданд, ки рафтори онҳо аз чашми атрофиён пинҳон монад.
Дишаб ман сари ҳамин суолҳои хеш ва посухҳои Ҷамилаи Худоёр бисёр андеша намудам ва ба хулосае омадам, ки ҳеҷ чиз аз чашми Офаридгори бузург пинҳон намемонад. Бубин онҳо чӣ қадар кушиш ба харҷ доданд, то кирдори нопокашон аз нигоҳи атрофиён пинҳон монад, вале ҳодисае сабаб шуду он рози ниҳон ошкор гашт, ошкор шудан он тараф истад, ҳатто ба ҳуҷҷатҳои давлатӣ сабт шуд. Акнун нафаре, ки дар содир намудани ин ҷинояти вазнин гумонбар аст, хоҳони он аст, ки мо он мардеро дарёбем, ки ў дар осоишгоҳ ними бистарашро гарм карда. Яъне, чун рўзаш омад, он ҳама асрори нуҳуфта ошкор шуд, не, дурусттараш бо қудрати илоҳӣ, мисли ҳамон қатраҳои борон, ки акнун болои майсазорон дар зери шуои офтоби аз паси абр сар бароварда чун нигини болои ангушттарин ҷило медиҳад, “ фурўзон” гашт...
Субҳи имрўз ман бо нафаре, ки шаби 26-ум ба 27-уми апрел нигоҳбонии дарвозаи осоишгоҳро ба душ дошт, суҳбат намудам. Дар нисбати нафаре, ки дишаб посбонии дарвозаи осоишгоҳро ба душ дошт Назир Иброҳим (нафаре, ки ба хотири омаданаш ман шабро дар осоишгоҳ гузаронидам) қариб шахси нонамоён буд. Вай марди лоғараандоме буд, ки сину солаш аз шаст боло ва чун марди тақводор менамуд, ба суоли банда, ки оё баъди соатҳои 22 –и шаби 26-ум то соати 06-и субҳи 27-уми апрел баромадани нафаронеро, ки аз рўӣ акс онҳоро шинохт дидааст, муйсафед чунин посух дод:
-Он шаб тахминан соатҳои 23 ман хоб шудам ва соати 05- и рўзӣ 27 апрел ба хотири гузоштани намози бомдод аз хоб бархестам. Соати 06 Ҷамилабону омад ва мо ҳарду он ҷавонзан ва марди ҳамроҳаш бударо гусел намудем. Дар давоми шаб чӣ кору гап шуда гузаштааст, ман хабар надорам, вале агар ҳодисае мешуд, албатта, аз биноҳои осоишгоҳ ба ман занг мезаданд, чунки дар кулбачаи банда, ки дар пушти дарвозаи асосӣ гузошта шудааст, телефони дохилӣ ҳамеша кор мекунад.

пешина
аз 499
навбатӣ