Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 499 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Он шаб бошад, телефон хомӯш буду хомӯш...
Аз суҳбати эшон ҳамин қадар фаҳмидам, ки ў ва ҳамроҳи паҳлавонаш як шабонарўз пас навбатдориро қабул мекунанд, чунки маоши нафари сеюм аз рўӣ баробар ба ҳардуи онҳо тақсим карда мешавад. Чун роҳбаряти осоишгоҳ дар нисбати онҳо даъвое надорад, онҳо низ барои тартиби кори хеш ба куҷое шикоят набурдаанд...
Дар муддати даҳ-понздаҳ дақиқае, ки мошини мо дар болои ағбаи Қашқа тағофул намуду ронанда ҳамроҳи ҷавоне.
ки аз деҳаи Мискинобод бо мо ҳамроҳ шуд, чархи автомашинаро иваз намуданд, ман ба тамошои атроф пардохтам. Аз болои ағба Файзобод ва маҳаллаҳои атрофи он дар нигоҳ як водии бузургеро муаррифӣ мекарданд, ки охири он водӣ бо қаторкӯҳҳои Ҳисор пайваст мешуд. Ҳарчанд он қаторкӯҳҳо ба чашм ҳам наменамуданд, вале дар тасаввуроти банда самти нигоҳам дар уфуқ ба ҳамон дуриҳои дур парвоз кард...
Борони субҳгоҳӣ тамоми гарду чангро фурў нишонда буд ва дар ин субҳе, ки тамоми мардуми ҷаҳон Рўзи якдилии меҳнаткашонро ҷашн мегирифтанд, борон чун туҳфаи осмонӣ ба табрики заминиён омада буд ва бо машом бўӣ муаттари гулу себаргаҳои дашту даманро мезад...
Қатраҳои борон, ки ҳанўз имконияти аз болои гулу себаргаҳо таровиданро наёфта буданд, ашки сари мижгонро ба ёд меоварданд ва дар зери шуои офтоб, ки худ пораи ғафси абрро дарида буду шабнами болои майсазоронро дар нигоҳи тамошобин ҷилвагар месохт, ба ҳусни табиат ҳусни бештаре зам мекард...
Селаи турнаҳо аз болои сари мо гузашта, қариб дар шакли амудӣ сарозер ба поёни ағба ба ҳамон самте, ки галаи аспҳо дар болои майсазорони водӣ даву тоз доштанд, парида рафтанд...
Рафту агар ман мусаввир мешудам, аз болои ағба манзараи ҳамин водиеро, ки шоирон шамолҳояшро низ ситоиш намуданд, бо қатраҳои борони болои майсазоронаш бо даву този галаи аспҳо ва селаи турнаҳои дар парвоз буда ба риштаи тасвир мекашидам...

пешина
аз 499
навбатӣ