Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

-Рафтем,- гуфтани ронанда он мусаввараи зеборо, ки баҳри тасвир дар саҳфаи хотиротам гирд оварда будам, мисли худи шамолҳои Файзобод, ки бо ҳаракати хеш қатраҳои шабнамро дар болои гулу себаргаҳо хушк мекард, ба боди фано бурд...
-Оҳ, агар ман мусаввир мешудам,- баҳри тасаллои дили хеш бигуфтам ман ва ба тарафи автомашина ҳаракат намудам.
...6...
Бозгашти банда аз осоишгоҳи Оби Гарм мақоли халқии “ усто дар шинондани дар дармонда “- ро ба ёдам овард. Ман масофаи сад километрро тайи намуда. ба осоишгоҳ рафтам то алибии пешниҳоднамудаи Парвина Қамарро санҷида баргардам, вале номи нафареро, ки бояд алибии ҷавонзанро тасдиқ мекард, дар ҳуҷҷатҳои осоишгоҳ наёфтам. Аслан тарҳрези ин нобарориҳои кори мо худи Парвина Қамар гашт.
Ў моро ба ҷустуҷӯи Усмон Башир фиристод ва ҳатто нагуфт, ки ному насаби хеш ва нафари дар осоишгоҳ ҳамроҳаш бударо тариқи додани ширинкома дигар кардааст. Ҳарчанд аз рўӣ аксҳо ҳардуро шинохта бошанд ҳам, вале мавқеи гирифтаи гумонбаршуда дар ин самт барои мо ноайён монд. Илова бар ин, вақте ки муфаттиши прокуратура Фурўғи Шариф ўро барои рўшанӣ андохтан дар ҳодисаи мазкур ба дафтари кориаш даъват намудааст, ба ҷой ба тафишот ёрӣ додану худро аз ин варта раҳонидан ду пойро дар як мӯза андохтанӣ шуда талаб намудааст, ки бе иштироки ҳимоячӣ дигар каломе ба забон нахоҳад овард.
Ҳарчанд муфаттиш дар кори хеш мустақил аст ва танҳо ба қонун итоат мекунад, вале нуқтаи назари бандаро дар бораи муваққатан боздошт накардани Парвина Қамар ба инобат гирифта, бо гирифтани забонхат барои аз ҷойи зист нарафтан вайро дар озодӣ монд.
Инҷо бошад...
-Шояд ў дар ҳақиқат бегуноҳ буду ҳатто гирифтани забонхатро барои аз ҷойи истиқомат нарафтан ба шаъни хеш таҳқир шумурд. Агар рафти кор чунин буд вай ба хатои ҷиддие роҳ дода, чунки дар ин дунё ба ҷуз худи он зоти пок (Оллоҳ таоло дар назар аст) дигар ҳамагон ҷурму гуноҳе дорем.




