Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 499 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Хусусан Парвинаи Қамар, ки бо он ҳама давлату сарват, давлату сарват он тараф истад, бо он ҳама меҳрубониҳое, ки Солеҳ Қамар ўро аз дарёи пуртуғён берун овард ва ба хотири муҳаббати вай ҳамсару фарзандонашро ба гӯшаи фаромӯшӣ дод, дар нисбати нимаи дуюми хеш чунин як хиёнатеро бо номи “ зино “ раво дид ва барои мард ин амали вай аз гирифтани тир дар сина вазнинтар буд...
Ё ин ки вай гунаҳкор буду кори сусти тафтишотро, ки наметавонанд гуноҳашро дайн намоянд, ба хубӣ дарк намуд ва аз ин комёбии хеш сараш чарх заду чарх...
Ҳарчи буд ё набуд, кори шудагӣ шуд...
Ҳарчи буд ё набуд, Парвина Қамар ибрози доштани ҳимоячӣ ва ё ба истило адвокатро намуд.
Ҳар чӣ буд ё набуд, ин амал ба муфаттиши прокуратура Фурўғи Шариф хуш наомада буд, вагарна ў ҳаргиз дар поёни рўзӣ кори манро ба дафтари кориаш даъват намекард.
Шояд дар таҷрибаи кории муфаттиш чунин амал бори аввал рух дода буд, ки ў онро ба дил ниҳоят наздик қабул намуда, вагарна коре ҳам нашуда буд. Охир муфаттиш бояд фаҳмад, ки доштан ё надоштани адвокат дараҷаи гуноҳро паст намекунад. Агар гуноҳ дошта бошӣ, гаҳвораат аз осмон ҳам омада бошад, бояд дар назди қонун ҷавоб гўйӣ.
Аз эҳтимол дур набўд, ки кадом як адвокати маккоре ба хотири даромади муфт хизмати хирсонаи хешро ба он бонуи роҳгумзада пешниҳод накарда бошад.
Ба ҳамин хотир адвокат ҳамеша ба гўши нафаре, ки ҳимояашро ба дўш гирифтанист, чун тутӣ як ҷумларо такрор мекунад, ё тариқи нафароне, ки ба вай наздиканд ба самъи роҳгумзада хизмати хирсонаи хешро пешкаш месозад...
“Ба умеди ҳазрати Баҳоваддин нашаву буттаро маҳкам дор” ба гӯши шахси роҳгумзада мерасонанд ворисони адвокат, ки худ низ кафолати суханашонро дода наметавонанд ва чун он шахси ба ҷарӣ рафта истода буттаро дошт, бутта чун кўзаи сеҳрноки Аловуддин худ ба сухан даромада хоҳад гуфт: - “Аз зери нохун чирк кофтан ин кори ҳаррўзаи муфаттиш аст ва барои ҳамин давлат ба онҳо маош медиҳад. Муфаттиш ҳамеша мекӯшад то далеле баҳри гунаҳкории шахс хусусан нисбати нафаре, ки номаш ба рўйхати гумонбаршудагон афтидааст, пайдо намояд..,вале ба хотири манфиатҳои хеш шуда, ў ҳаргиз намегӯяд, ки муфаттиш чунин далелҳоро аз арш намегирад ва рафту далелҳои гирдовардааш мукаммал набошанд, онҳо қимате надоранд”...

пешина
аз 499
навбатӣ