Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Муносибати муфаттиш ва адвокат дар рафти тафтишот ин мусобиқаи ҷанги бе қоидаро мемонад ва ҳеҷ намефаҳмӣ, ки лаҳзае пас адвокат бо чӣ нағмаю усуле аз кадом самт ба ҳуҷум мегузарад. Шояд Фурўғи Шариф аз бетаҷрибагии хеш аз талаби Парвина Қамар дасту по хӯрда бехабар аз он ки танҳо дар бозӣ қувваи рақибро хоҳӣ фаҳмид.
Аз сухани дўст шикастан банда гардани шайтон шикаста, аз бинои милиса баромада самти роҳи прокуратураро пеш гирифтам. Баъди борони субҳгоҳӣ дар кӯчаҳои шаҳр ҳам аз чангу ғубори рўзҳои пешин нишоне намонда буд. Ҳарчанд Рўзи якдилии меҳнаткашон 1 май дигар бо он шукӯҳу шаҳомати солҳои пешин (замони СССР дар назар аст) ҷашн гирифта нашавад ҳам , вале мардумоне, ки дар кӯча дар ин бегоҳирузӣ сайру гашт доштанд, болидаруҳ буданд.
Рафти ҳодисаҳо он қадр тезу тунд шуда буд, ки роҳравон ҳам бошад, андешаҳои ман баъзан аз фарш хеста ба арш бармехӯрданд. Дар ҳамин лаҳзаҳо банда боз суханони пири ҳамаи муҳофизони ҳифзи ҳуқуқ Феликс Эдмундович Дзержинскиро ба ёд овардам. Қариб тай як асри охир мардумон аз номи Феликс Эдмундович қиссаҳо мебофанд ва ё гуфтаеро ба номи ў дарбеҳ месозанд:- “Дар озодӣ гаштанатон ин ҳанўз саҳми шумо нест, балки норасоӣ дар кори мост, ки гуноҳатонро то ҳанўз собит накардаем”.
Ин гуфтаҳо ба Феликс Эдмундович ягон алоқамандие доштанд ё не, ман намедонам, вале онҳоро борҳо аз забони ҳамкорон дар ҳар шакл, вале бо ҳамин мазмун шунида будам.
Агар ин ҳама қисса ҳам бошад, қиссаи хубе буд ва онро сармашқи кори хеш намудан барои ҳар фарде, ки синаро дар муқобили олами ҷиноӣ сипар намудааст, шарти асосист.
Суханони Ф.Э. Дзержинскиро бо каломи аз гузаштагонамон омада: “ободии куфр аз парешонии мост” метавон дар як хат гузошт.




