Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 499 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Мегӯянд, ки агар ду маротиба ба нафъи дўст сухан гуфтӣ, лоақл боре дар нисбати душманат ҳам сухани ҷолибе бигўй, вагарна туро хушомадгўй мепиндоранд. Ҳарчанд ман адвокатҳоро дўст намедорам, вале баъзан ҷаҳду талоши онҳоро барои “шикастани” парвандаи ҷиноӣ дида ҳавасам меояд. Ҳамаи инро сабаб он аст, ки тафтишот аслан кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки айбдоршаванда пурра гуноҳашро ба гардан гирад. Барои ин муфаттишон аз роҳу усулҳои гуногун истифода бурда, кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки ба суд луқмаи тайёрро фиристанд. Пурра ба гардан гирифтани гуноҳ барои суд ин як бартарии бузургест, чунки ба гумон аст ба ҳукми баровардаи ў шахси гуноҳашро пурра ба зимма гирифта, ба таври кассатсионӣ шикоят барад ва ё прокуроре, ки фикри айбдориро дар мурофиаи судӣ даст гирифтааст, аз болои он ҳукм ба таври назоратӣ эътироз намояд.
Тарафи дигари чунин амал он аст, ки барои муфаттиш пурсидани шахси боздоштшуда дар нисбати кўча ба кўча гаштану вайро ҷустуҷў намудан осонтар аст...
Дар бисёр ҳолатҳо аз сабаби набудани шоҳиди боэътимод айбдоршаванда дар суд аз ҳама нишондодҳои хеш даст мекашад ва амали пештараи хешро тарзе маънидод мекунад, ки оқибат санг ба сари худи муфаттиш бармехӯрад ва ин амал албатта бе “дастгирии “ адвокат рух намедиҳад.
Рафту агар адвокат ҳимояи Парвина Қамарро ба душ гирифта бошад, ў бо нохунҳояш деворро сӯрох мекунад, то манфиате ба даст оварад ва барои ин вайро лозим меояд, ки ҳолатҳои сусти корро дар тафтишот муайян намуда, дар мавриди барояш қулай ба ҳуҷум гузарад...
Бо ҳамин фикру хаёл ман чӣ тавр ба прокуратура расиданамро нафаҳмидам. Дар нисбати аввали рўз, ки банда баъди бозгашт аз шаҳраки Оби Гарм ба назди муфаттиш даромада будам, ҳамон долонҳои серодам, ки бозорро мемонданд, акнун мазорро ба хотир меоварданд.
Ман дар рў ба рўӣ даре, ки дар болояш бо ҳарфҳои хоно “Муфаттиши прокуратура ҳуқуқшиноси дараҷаи сеюм Фурўғи Шариф” навишта шуда буд, тавақуф намуда, лаҳзае нафасамро рост карда, сипас оҳиста ба дар ангушт задам.

пешина
аз 499
навбатӣ