Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 499 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Марҳамат, дар кушода, - гуфтани муфаттиш, ки овозаш бароям шинос буд, бандаро ҳидоят ба кушодани дар намуд.
-Хайрият меомадед, - баробари пой ба остона гузоштанам аз сари мизи кориаш ба истиқболам бархеста гуфт муфаттиш ва сипас бо ишораи даст курсиеро барои нишастанам пешниҳод намуд.
-Ташаккур, - гӯён ман ба курси нишастам. Муфаттиш акнун паси оинаи тиреза рост меистод. Ў нигоҳашро ба берун ба самти роҳи калон дўхта буд ва ман ба хулосае омадам, ки вай ҳатто маҷоли сухан гуфтан ҳам надорад...
-Худаш чӣ гап? - баъди каме хомӯшӣ гулў рўшан намуда пурсидам ман.
-Ба фикрам, мо ба хатои ҷиддие роҳ додаем, нигоҳашро ба тарафи банда дўхта бо овози ҳазин гуфт муфаттиш.
-Чӣ хел хато?
-Охир мо дар вақташ вайро боздошт накардем.
-Барои кадом гуноҳаш?
-Пас агар бегуноҳ бошад, чаро ҳимоячӣ талаб кард?
-Ба шумо ҳайронам.
-Нафаҳмидам.
-Магар ҳимоячӣ садди роҳҳи тафтишот шуда метавонад?
-Намедонам.
-Он чӣ ки дар дег ҳаст, албатта, дар кафлес мебарояд.
-Оё гуфтанӣ нестед, ки аз иваз кардани ҷой ҷамъшавандаҳо ҳосили ҷамъ тағйир намеёбад.
-Мутлақо дуруст.
-Ҳеҷ нафаҳмидам, ки чунин фикр дар сари ў аз куҷо пайдо шуд.
-Аслан гумонбаршуда ҳам мисли бемор аст, ки худ чӣ кор карданашро намефаҳмад.
-Ин ҷо бемор чӣ дахл дорад?
-Дар зиндагӣ кам ҳолате мешавад, ки нафари худро ноҳинҷор ҳис намуда аз табибон мадад наҷӯяд, бехабар аз он ки дарди вай ба давое муҳтоҷ нест ва ҳамин хел бе даво ҳам гузашта меравад. Рафту табиб мутеъи нафс набошад, албатта ба бемор хоҳад гуфт, ки дарди вай боиси нигаронӣ нест ва бе муолиҷа ҳам бартараф мешавад.
-Агар табиб мутеъи нафс бошад чӣ?

пешина
аз 499
навбатӣ