Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

-Дар он ҳолат вой бар ҳоли нафаре, ки аз табиб имдод хостааст. Чунин табиб муроҷиати беморро саривақтӣ ва айни муддао шумурда, хоҳад гуфт, ки бемор пой дар лаби гӯр истодааст ва рафту агар имрўз чорае наандешад, фардо дер хоҳад шуд. Нафари ба назди чунин табиб рафтаро дигар роҳи бозгашт намемонад ва аз хати кашидаи табиб берун намешавад. Ҳатто ҳолатҳое ҳастанд, ки ба хотири пул шуда, нафарони сиҳату саломатро ҷарроҳӣ намудаанд. Чун ҳама ангуштони мо баробар нестанд, албатта, дар байни табибону адвокатҳо ҳам, мутаассифона, ашхоси мутеъи нафс ҳастанд ва шиори онҳо ҳамеша “гўр сузаду дег ҷўшад,”буд, ҳаст ва хоҳад монд.
-Яъне ки?
-Дуруст фаҳмидед, албата касе ба гӯши Парвина Қамар расонидааст, ки вазифаи муфаттиш ин танҳо ба паси панҷара фиристодани инсонҳост ва ба хотири мақому манзалати хеш онҳо тайёранд аз зери нохун чирк бароранд. Албатта гумонбаршуда аз он нафари “хайрхоҳ” имдод ҷустааст ва эшон дар навбати хеш ба ў гирифтани адвокатро шояд ягон адвокати шиносашро, ки метавонад самти ҷараёни обро тағйир диҳад, тавсия додааст.
-Рафту ў дар ҳақиқат дар куштори шавҳараш даст дошта бошад чӣ?
-Дар он сурат бе ҳимоячӣ сухан нагуфтанаш ба манфиати худи ўст, вале аз ин мо набояд фоҷиа созем. Вазифаи аслии мо ёфтан ва дайн намудани гуноҳи нафарест, ки қасд ба ҷони Солеҳ Қамар намудааст. Албатта, ин кор ба осонӣ ба мо даст намедиҳад, вале мо на бояд аз нобарориҳои хурд навмед шавем. Инсон самти ҳаракати рўди бузургеро тағйир медиҳад,ин ҷо бошад...
-Рафиқ майор, тарзе сухан мегӯед, ки кас гумон месозад аллакай қотили Солеҳ Қамарро дастгир намудаед, бори аввал дар тамоми давраи суҳбат табассуми зебое намуда гуфт Фурўғ.
-Навмед набояд шудан аз гардиши айём, Ҳар шом,ки ояд зи пай он саҳаре ҳаст...
-Ба ростӣ, ба сабурии шумо ман қоил, - гуфт муфаттиш ва аз чойники дар гӯшаи миз гузошташуда як пиёла чой рехта ба тарафи ман дароз намуд.




