Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 499 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Ташаккур, - ман пиёларо аз дасти муфаттиш гирифта онро ҳамоно ба лаб бурдам ва баъди нӯшидани ҷуръае пиёларо болои миз гузошта гуфтам:- Мутаассифона, то кунун мо дар бораи қотил маълумоте ба даст наовардаем ва илова бар ин нафареро, ки бояд алибии Парвина Қамарро тасдиқ мекард, гӯё замин фурў бурда.
-Аз таги замин ҳам бошад, ўро ёфтан лозим.
-Ҷустуҷў дорем, вале бе натиҷа.
-Шояд ўро ҳам? - дасташро чун корд аз зери гарданаш гузаронида гуфт муфаттиш.
-Дилатонро дур набаред!
-Пас ў куҷо шуд ё лаълии парон вайро ба сайёраи дигар бурд?
-Не, албатта.
-Дар бораи вай боз ягон маълумот дастрас намудед?
-Албатта.
-Хуш он чӣ маълумоте будааст?
-Усмон Башир хакери (нафаре, ки компютерро барои манфиат истифода мебарад) шинохта аст.
-Хакер ё хакери шинохта?
-Хакери шинохта.
-Барои кадом хизматҳояш?
-Ду сол пеш вайро барои вайрон намудани сети муҳофизатии бонкӣ дастгир намуданд.
-Ду сол пеш?
-Бале.
-Пас чаро вайро ба маҳкама накашиданд, модоме вай чунин шӯҳратёр будааст?
-Гуноҳашро дайн карда натавонистанд.
-Аз ин бармеояд, ки вай бегуноҳ будааст.
-Баръакс, дар нисбати вай далелҳо кофӣ буданд, вале бо гуноҳи кормандони милиса он ҳама далелҳо ба боди фано рафтанд.
-Ҳеҷ шуморо нафаҳмидам, рафиқ майор.
-Усмон Баширро ҳангоми ғайриқонуни шикастани сети муҳофизати ва ворид шудан ба сети бонкӣ дастгир намуданд.Чун ўро ба милиса интиқол доданд, компютерашро ҳам чун далели шайъи дар асоси санад гирифтанд...

пешина
аз 499
навбатӣ