Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5
АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 47 аз 499 · 2 ноябри 2026

-Баъд чӣ шудааст?
-Усмон Баширро муфаттиш боздошт намуда, ба ҳуҷраи боздошти муваққатӣ фиристода, далели шайъиро дар дафтари кориаш мондааст.
-Дигар онро дар куҷо мемонд, охир компютерро ба хонааш набурдааст, ки гуноҳе содир карда бошад.
-Агар компютерро ба хонааш мебурд, беҳтар буд.
-Ё тавба, чӣ тавр муфаттиш метавонад, ки далели шайъиро ба хонааш барад?
-Чӣ хеле гуфтам, агар компютерро ба хонааш мебурд беҳтар буд.
-Шояд соддатар намуда бандаро аз рафти ҳодисаҳо огоҳ менамудед?
-Баъди ду шабонарўзи дар боздоштгоҳи муваққатӣ нигоҳ доштани Усмон Башир муфаттиш ба натиҷае ноил намешавад, чунки дар ҳама пурсишҳо боздоштшуда гуноҳи содирнамудаи хешро инкор мекунад. Вай муфаттишро бовар мекунонад, ки милиса дар боздошт намуданаш ба хато роҳ додааст ва баробари анҷоми муҳлати боздошт ў ба прокуратура шикоят хоҳад кард. Ана дар ҳамин ҷо муфаттиш аз бетаҷрибаги сару калобаашро гум мекунад ва ба ҷой он ки мутахассисро даъват намуда, компютерро кушояд худаш ба ҳамин амал даст мезанад. Чун ў далели шайъиро омодаи кор менамояд, компютер яку якбора паролро мепурсад. Муфаттиш паролро намедонад ва ў ҳатто пайхас намекунад, ки Усмон Башир барои чунин ҳолатҳо чӣ чорае наандешидааст. Бо гузашти як дақиқа компютер тамоми ахбори дар диски сахт маҳфуз бударо пурра нест мекунад...
-Акнун фаҳмидам. Аз ҳамин рў, онҳо Усмон Баширро сар медиҳанд. Ҳамин хел?
-На, танҳо сар медиҳанд балки аз маоши муфаттиш компютерро, ки дар асоси пароли гузоштаи соҳибаш ба “худкушӣ” даст зада буд, таъмир намуда, ба соҳибаш бармегардонанд.
-Пас агар чунин аст, лаълии парон ҳам ўро бо худ намебарад. Ҳаминаш намерасид, ки вайронкунандаеро чун диверсант бо худ баранд. Аз ин бармеояд, ки ўро танҳо дар замин ҷустан лозим?

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан