-Ҷуста истодаем.
-Ман як ҳолати корро нафаҳмидам.
-Кадом ҳолатро?
-Чӣ тавр Парвина Қамар дар зери назорати беруна аст, модоме чунин ҳамдаму ҳамроз дорад?
-Назорати беруна танҳо бехатарии вайро ҳимоя мекунад.
Рафту агар Усмон Башир тайи ин муддат бо вай вомехӯрд, мо мефаҳмидем, чунки акси эшон дар дасти назоратчиён ҳаст.
Дар бораи адвокат бошад, ў тариқи sms низ маълумот гирифта метавонад, чунки шефи шумо барои гӯш кардани телефони вай розигӣ надод.
-Инаш рост, вале чӣ илоҷ, ки шеф-шеф аст.
-Дар қиссааш набошед, ҳамааш нағз мешавад.
-Кош гуфти шумо шавад.
-Мешавад, албатта мешавад...
-Моро ба ҷуз умед бастан ба анҷоми неки кор дигар чорае нест.
-Умед ҳам нисфи кор аст
-Шояд ҳамааш ба касофатии ҳамон хакери лаънатӣ бошад?
-Ба гумон аст.
-Чаро шумо ўро пуштибонӣ кардан мехоҳед?
-“Душмани доно беҳ аз дӯсти нодон” гуфтаанд. Агар ў боре бархилофи қонун ба чунин амал даст зада бошад ҳам, вале донишу маҳораташ боиси эътироф аст. Чунин афрод ангуштшуморанд ва давлат ба донишу маҳорати онҳо ниёз дорад.
-Чӣ тавр давлат метавонад ба дузд бовар намояд.
-Сараввал бояд эътироф намоем, ки Усмон Башир дузд нест.
-Пас кӯшиши ба сети бонкӣ даромадани вайро чӣ гуна шарҳ медиҳед?
-Агар ў мақсади дуздӣ медошт, бемуҳобот нияташро амалӣ карда метавонист. Кӯшиши шикастани сети муҳофизатӣ ин ҳанўз маънои дуздиро надорад. Албатта, дар байни хакерҳо ҳам ашхоси нопок кам нест, вале онҳо ангуштшуморанд.
Чунин афрод донишу маҳорати хешро дар амал санҷиданӣ шуда, бо чунин амал маҳорати касбии хешро ба давлат нишон доданӣ мешаванд ва давлат маҷбур мешавад нисбат ба чунин нафарон таваҷҷуҳ зоҳир намояд ва онҳоро ҳамчун мутахассис дар мукаммал намудани сети информатсионии хеш истифода барад.





