Пешравӣ дар маҳорат аст ва агар чунин “гулҳои худрўй” чун Усмон Башир намебуд, сети муҳофизати манбаъҳои информатсионии мо номукаммал мемонд.
-Ба фикрам, як аср пештар касе ба гӯшаи хаёл ҳам намеовард, ки рабудани пули бонк бо чунин роҳҳо даст медиҳад.
-Ҳама давру замон мушкилоти хешро дорад. Сад сол пеш баъди Инқилоби Октябр афроде пайдо шуданд, ки сейфҳоро мекушоданд ва ҳатто боре пайравони Феликс Эдмундович дар кушодани сейфе, ки ҳуҷҷатҳои махфӣ он ҷо буданд, аз хизмати ҳамин гурўҳ, ки дар вожаи криминалӣ “медвежатники” (хирсон-кушояндаи сейфҳо) ном гирифтаанд, истифода бурда ва ин амали онҳо боиси малоли хотири пешвои Инқилоб гардида.
Садо додани занги телефон сабаб гардиду мо аз давом додани суҳбат худдорӣ намудем.
Фурўғ гӯшаки телефонро бардошта, гӯш ба қимор шуд.
-Баъди даҳ дақиқа ба назди шеф дароед, - хабар дод котибаи прокурор, - ки баъзеҳо нимҷидию нимшӯхӣ ўро “прокурорша” меномиданд.
-Хуб шудааст, муфаттиш гӯшакро болои телефон гузошта гуфт: - Аз ҳама ҳолати асосии вохӯрии имрўзаро бо Парвина Қамар нагуфтам.
-Гӯш мекунам.
-Вақте ки Парвина Қамар бе адвокат ба ман суҳбат кардан нахост, тасодуфан ба ин ҷо Гадо Иброҳим даромад.
Ўро дида ман хурсанд шудам ва ба гумонбаршуда фаҳмонда додам, ки ана ҳамин шахс адвокат аст. Адвокате бо номи баланд ва метавонед аз хизмати эшон истифода баред. Бо ишораи ман Гадо Иброҳим шаҳодатномаи хизматиашро бароварда, ба Парвина Қамар нишон дода гуфт, ки новобаста аз вазнинии кор тайёр аст, ҳимояи чунин як бонуи зеборо ба душ гирад.
-Вале ў розӣ нашуд, иҳамин хел?
-Бале.





