Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5
АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 50 аз 499 · 2 ноябри 2026

-Ҳодиса айнан тарзе рух додааст, ки чанде пеш мавриди баҳси мо карор дошт.
-Ман ўро огоҳ намудам, ки то субҳи фардо ҳимоячии хешро дарёбад, вагарна тафтишот дигар имконяти боздоштани пурсиши вайро надорад.
-Аҷаб нест адвокаташ ҳамин рўз наояд.
-Акнун бевақт шуд. ба ҷуз ин кӣ медонад мо дар ҳўзури шеф чанд вақт мемонем, чунки шеф ҳамаи коллективро ба наздаш хондааст, агар хоҳед якҷоя меравем.
-Ташаккур, бандаро дар милиса интизоранд,- гӯён ман аз ҷойи бархестам,вале...
Убур кардани остонаи дар насибам нашуд, чунки баробари дарро кушодан дар рў ба рўям собиқ муовини прокурори ноҳия Барзу Ёдгорро дида, ба вай имкон додам то вориди дафтари кории муфаттиш гардад.
-Оҳҳо киро мебинам, - гӯён Барзу Ёдгор, ҳамон марде, ки дар замони дар сари курсии мансаб буданаш аз кибру ғурури зиёд бо милисае чун ман даст додану салом карданро ор медонист, қариб буд бандаро ба оғӯш гирад, вале ман ҷисми хешро аз вохӯрӣ бо вай ба канор гирифта, дастамро ба тарафаш дароз намудам.
-Салом, Акбар Ҳакимович, - баробари пой ба остона гузоштан дасти бандаро фишурда гуфт вай.
-Салом, - гуфтам ман ва хостам бо эшон худоҳофизӣ намоям, вале мусоҳиби навам худро чун адвокат муаррифӣ намуда гуфт:- Бандаро нафаре баҳри ҳимояи ҳуқуқҳояш ҳамчун вакил интихоб намуд ва аз рўӣ шунидам шумо ҳам шомили ҳамон гурӯҳи тафтишотиед ва агар хато накунам, ин бонуи зебо муфаттиш аст. Дарвоқеъ, банда тайи чанд сол дар ҳамин идора нафари дуюм будам. Албатта Акбар Ҳакимович суханони маро рад нахоҳад кард ё гапам нодуруст, рафиқ полковник...
-Майор,- сухани мусоҳибамро бурида гуфтам ман.
-Ҳеҷ боварам намеояд, ки шумо ҳоло ҳам майор бошед.
Замоне, ки банда аз ин ноҳия рафтам, шумо, ба фикрам, капитан будед?
-Бале.
-Пас роҳбарият ба куҷо нигоҳ мекунад?

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан