Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 51 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 51 аз 499 · 2 ноябри 2026

-Беҳтар мебуд ин масъаларо аз худашон мепурсидед, - гуён ман хостам ба суҳбат нуқта гузошта, аз пай кори хеш шавам, вале муфаттиш гулў рўшан карда, хоҳиш намул, ки боз лаҳзае сабр намоям.
Дилу бедилон ду - се қадам ба қафо гузошта, бо ишораи муфаттиш, ки баҳри нишастани мо курсиҳоро нишон дод, дар рў ба рўӣ собиқ шахси дуюми ҳамин идора нишастам.
Барзу Ёдгор шаҳодатномаи хизматӣ, ордери консултатсияи юридикӣ ва созишномаеро, ки вайро нафаре барои ҳимояи ҳуқуқҳояш ваколатдор намуда буд, бо муаррифии “ана инаш..., ана инаш...” барои шинос шудан ба тарафи муфаттиш дароз намуд.
-Беҳуда ташвиш кашидаед, охир ман ба зерҳимояатон. ки то ҳанӯз дар мақоми шоҳид аст ва барои шоҳид зарурияти гирифтани адвокат нест, фаҳмонда дода будам, ки фардо субҳ якҷоя бо адвокати шахсиаш биёяд, - баъди шиносоӣ бо ҳуҷҷатҳои овардаи Барзу Ёдгор гуфт муфаттиш.
-Банда бисёр мехостам, то суҳбати расмӣ бо парванда шинос шавам, дурусттараш баҳри ҳамарўза азоб надодани шумо баъзе қисмҳои онро, ки гап дар атрофи зерҳимояи банда меравад, нухсабардорӣ намоям.
-Ман ҳеҷ нафаҳмидам, чӣ тавр шумо барои ҳимояи нафаре, ки ҳанўз дар мақоми шоҳид аст розӣ шудед?
-Ман ҳам, албатта, ба вай бонуи зебо фаҳмонидам, ки агар гуноҳе медоштед, шуморо боздошт менамуданд, вале ў бисёр зорию тавалло намуд, то банда ба вай кумаки ҳуқуқӣ расонам.
Чӣ хеле дидед, дар ин бора ба таври расмӣ байни вай ва консултатсияи юридикӣ созишнома ба тавсиб расида. Шояд ў аз рўӣ мақоли халқи “аз девори каҷ ҳазар” амал карда, аз консултатсияи юридикӣ ёрӣ хоста бошад. Барои ҳамин ба дерии вақт нигоҳ накарда, ба назди шумо омадам, чунки бовари доштам муфаттише, ки дар атрофи чунин як ҷинояти вазнин тафтишот мебарад, ҳаргиз пеш аз намози шом ба хонааш намеравад. Инро ман аз таҷрибаи кории хеш мегӯям, зеро то ба вазифаи шахси дуюми ин идора расидан банда низ чандин сол муфаттиш кор кардам. Охир агар мо ҳамдигарро нафаҳмем, дигар, ки моро мефаҳмад...

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан