Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 52 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 52 аз 499 · 2 ноябри 2026

-Албатта, ман бо ҷону дил ба шумо ёрӣ медодам, рафту агар ба зерҳимояатон айб эълон мекардам ва ё аққалан вайро муваққатан боздошт менамудам. Вале чӣ хеле гуфтам, банда на ин амалашро ба анҷом расонидаму на онашро. Албатта шумо чашми маро дар атрофи он ҷинояти вазнин бештар кушодед. Ба ростӣ, кори хуб шуд Парвина Қамар баҳри ҳимояи ҳуқуқҳояш маблағи муайяне сарф намуда, шуморо чун вакили ҳимоя интихоб намудааст. Аз гуфтани сухане шарм медорам, вале нагуфтани он низ зараре ба рафти кори мо мешавад, бо иҷозаи шумо агар рухсат диҳед?
-Бошад.
-Дузд ҳамеша гумони дуздӣ мекунад ва ғар гумони ғарӣ.
-Нафаҳмидам,- бо каме заҳрханда гуфт адвокат.
-Агар девор каҷ бошад, канда партофтани он ба маврид мувофиқтар аст, нисбати оне, ки як умр аз он дурӣ ҷўйву ҳазар намоӣ.
-Акбар Ҳакимович, худ шоҳид, ки банда низ замоне чун шумо бо ҷинояткорон даст ба гиребон будам, вале чун замонаш омад бо туҳмат чӣ ҷурму гуноҳеро ба номам набофтанд, чун дидам намешавад бо ихтиёри хеш аз кор рафтам. Ман ҳамеша медонам муфаттишонро чӣ мушкилоте дар кор дунболагир аст, вале эътироф мекунам адвокат низ аз мушкилоти корӣ фориғ нест ва новобаста аз он ки созишнома шакли стандартӣ дорад, шумо бояд дарк намоед, ки собиқ ҳампешаатон чӣ масъулиятеро ба душ гирифта... Ман аллакай ба зерҳимояам кафолати ҳимояи ҳуқуқҳояшро на танҳо аз рўйи Кодекси ҷиноятӣ, балки аз рўйи кодексҳои гражданию маъмурӣ низ додаам... Итминони комил дорам шумо маро мефаҳмед.
-Ҳоло, ки зерҳимояатон боздошт нашудааст. беҳтар мебуд бо вай дурусттар суҳбат намуда, хати ҳимоявиашро мустаҳкам менамудед.
-Ин тарафи корро ман ба инобат мегирам...
Занги телефони дохилӣ садо дод ва муфаттиш гӯшакро бардошту сухани адвокат ногуфта монд.
-Ҳама гирд омадаву шуморо интизоранд, - хабар дод прокурорша.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан