Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 53 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 53 аз 499 · 2 ноябри 2026

-Ҳозир меоям, - гӯён муфаттиш гӯшакро ба ҷояш гузошта, гунаҳкорона ба сўйи мо нигариста гуфт:- Бубахшед, ки бандаро ба маҷлиси назди калон даъват намуданд.
-Шояд парвандаро ба ман медодед, ки то омаданатон ба он шинос шавам.
-Афсӯс.
-Чӣ ба ман боварӣ надоред, охир ман адвокат ҳастам ва барои ин ваколатнома овардаам, - изҳори нигаронӣ намуд Барзу Ёдгор.
-Чаро ман ба шумо бовар накунам, бовар мекунам, вале парвандаро ҳам бояд ба назди шеф барам. Охир хуб ё бад шумо чанд соле дар ин идора хизмат намудед ва хуб медонед, ки муфаттиш ҳуқуқи аз амри шахси аввал ва дуюми ин даргоҳ сар печиданро надорад.
-Шояд шуморо интизор шавам?
-Худро азоб надиҳед, беҳтараш фардо биёед, эҳтимол маҷлис тӯл кашад ва боз кори шаб хандаи рўз...
-Чӣ илоҷ модоме, ки шумо чунин меҳисобед, - гӯён адвокат аз курсӣ бархест.
Хуб шуд ё бад, вале мо се нафар якҷоя дар як вақт аз дафтари кории муфаттиш берун шудем ва дар долони калон ў ба тарафи зинаҳо барои баромадан ба ошёнаи дуюм, мо бошем ба самти дари баромадгоҳ ҳаракат намудем...
-Ин муфаттиш бисёр ҳам духтари ҳавобаланд будааст, - баробари аз бинои прокуратура баромадан андешаи хешро баён кард Барзу Ёдгор.
-Рафту агар шумо прокурор мешудед ва нафаре ба маҷлис ҳозир намешуд?
-Инаш рост, - баъди каме андеша ба суоли бемаҳалам посух гуфт шиноси деринаи ман, ки гардиши айём ўро аз арш ба фарш оварда буд.
-Ба фикрам, дар дунё инсони неки мутлақ, ё бади мутлақ вуҷуд надорад.
-Неки мутлақ, бади мутлақ, - ин ба суҳбати мо чӣ дахл дорад?
-Чунки ман намехоҳам, шумо пеш аз муҳлат дар бораи муфаттиш хулоса бароред.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан