Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 54 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 54 аз 499 · 2 ноябри 2026

-Танҳо ба хотири шумо шуда ман бо вай баҳс накардам, чун нахостам он ҷо муҳити ногувореро ба бор оварам.
-Ба фикрам вазифаи нав андешаҳои шуморо дар атрофи зиндагӣ ба куллӣ тағйир додааст, - гуфтам ман, вале нафаҳмидам, ки мусоҳибам ин кинояи бандаро дарк кард ё не.
-Бо замона бисоз, ки ҳаррўза балост, вале афсӯс нафареро ки ба ҳимояаш дасту остин барзадаед, ҳанўз аз таҷрибаи рўзгор баҳра нагирифта.
-Кӣ медонад, вале шумо нисбат ба солҳои дар прокуратура кор намуданатон хеле тағйир ёфтаед.
-Ман не, андешаҳоям тағйир ёфтаанд.
-Назари шумо ба зиндагии имрўза чӣ гуна аст?
-Хари лӯлиро об деҳ ва пулашро гир.
-Агар шуморо дуруст фаҳмида бошам, Парвина Қамар ҳам бегуноҳ аст?
-Ман ин хел нагуфтам.
-Ман бошам...
-Вазифаи тафтишот ҳамин аст, ба ягон кас бовар накардан. Ҳа, дарвоқеъ чӣ лозим майнаи хешро вайрон намудан, биё беҳтараш ба ягон тарабхона даромада, рўзҳои гузаштаро ба ёд биёрем.
-Бубахшед, ки бандаро дар идора интизоранд.
-Зорӣ дорему зӯрӣ не, вале агар шитоб дошта бошед, ман шуморо бо аробаи хеш ...
-Намехоҳам шуморо ташвиш диҳам.
-Ин тавр бошад, то фардо, - гӯён Барзу Ёдгор ба тарафи автомашинаи тамғаи ГАЗ 31, ки аз замони муовини прокурор буданаш ба вай мерос монда буд, ҳаракат кард...
Ман бошам, дар кӯчаҳои шаҳр пиёда хеле қадам задам ва дар интиҳо ба нақлиёти мусофиркаш нишаста, роҳи хонаро пеш гирифтам...
...7...
Сари субҳ чун вориди бинои милиса шудам, Ҷомии Шариф аллакай он ҷо буд. Ў дар он лаҳзаҳо ҳамроҳи навбатдор сари кадом як масъалае баҳс дошт.
-Ду рўз боз шуморо надидам, дар куҷо мегардед? - Ба тарафи вай нигариста пурсидам ман.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан