Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 55 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 55 аз 499 · 2 ноябри 2026

-Дар куҷо, дар куҷо, дар хона будам, - нимҷиддию нимшӯхӣ гуфт шогирди банда.
-Дар хона?
-Дигар дар куҷо мешуд, рафиқ майор.
-Баъди панҷ дақиқа бо ҳама ҳуҷҷатҳои гирдовардаат ба назди ман!
-Баъди панҷ дақиқа бошад, баъди панҷ дақиқа, - гўён лейтенанти калони милиса боз бо навбатдор сари баҳс қарор гирифт.
Ман дигар ба баҳси онҳо ҳамроҳ нашуда, тариқи зинаҳо ба ошёнаи дуюм баромада дари дафтари кориамро кушодам.
Сипас ба назди тиреза рафта онро кушодам ва ба ин васила ҳавои дохиди дафтари кориамро тоза намуданӣ шудам. Чун дару тиреза дар муқобили якдигар буданд ва аз ҳарду самт онҳо кушода боди серуни сард аз тиреза вориди дафтари корӣ шуд ва дар як мижа задан ҳавои ғализро ба долони ошёнаи дуюм баровард.
Ба ростӣ, аз муомилаи сарди Ҷомӣ ман каме ҳам бошад даступо хӯрдам, вале ҳамоно худро ба даст гирифта, ба курсӣ нишастам.
Расо дар вақти таъиншуда лейтенанти калони милиса пушти дар, ки ҳанўз кушода буд, ба таври низомӣ рост шуд ва чун нигоҳи банда ба вай бархурду ишораи манро гирифт, пой ба остонаи дафтари корӣ гузошта, аз самти чапи паҳлуи банда ба курсие нишаста, гўш ба қимор шуд.
-Ҳуҷҷатҳоят канӣ? - Дар дасти вай ягон чизро надида пурсидам ман.
-Бубахшед, ки ягон кас бо ман ба таври расмӣ суҳбат кардан нахост, дурусттараш чун ман дидам. ки аксари онҳое.
ки дарде дар замир доранд, бо кадом сабабе аз додани нишондоди расмӣ худдорӣ мекунанд, маҷбур шудам бо онҳо ба таври ғайрирасмӣ суҳбат намоям.
-Оё сухани бе ҳуҷҷатро ба ягон ҷо дӯхта мешавад? - Қариб худро гум намуда, бо ғазаб гуфтам ман.
-Чӣ илоҷ, ки аз дасти банда коғазбозӣ наомад.
-Магар кас нисбати вазифаи хизматиаш чунин бепарво мешавад, наход лейтенанти калон шуда ду коғази сафедро сиёҳ карда натавонӣ?

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан