Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 56 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 56 аз 499 · 2 ноябри 2026

-Рафиқ майор, аввал пурсиш.
-Пурсиш бошад пурсиш, марҳамат гап зан!
-Ман Усмон Баширро наёфтам.
-Инашро ман фаҳмидам.
-Аз куҷо фаҳмидед?
-Аз ҳамон суханҳои бе сару нӯгат.
-Вале дар бораи вай ман бисёр чизҳоро фаҳмидам.
-Аз шаф – шафи бисёр шафтолу гуфта монед!
-Баръакс, ман ҳама он дастовардҳоямро дар ду калима баён карда метавонам.
-Пас чаро суханро ин қадар дароз намудед?
-Хостам шуморо каме ҳам бошад, барои шунидани суханҳоям тайёр намоям
-Чӣ хел тайёр, ба кадом хотир?
-Тарсидам, ки яку якбора аз шунидани суханони банда шодимарг нашавед.
-Чӣ?
-Он чӣ шунидед, оё намедонед, ки вақтҳои охир сар задани чунин ҳодисаҳои нохуш хеле зиёд шудааст.
-Ба ростӣ, агар худат ба милиса не, балки ба театр ба кор мерафтӣ, кори хайреро ба сомон мерасонидӣ.
-Милиса ҳам бояд каму беш аз санъат бохабар бошад, вагарна пояш ҳамеша дар гил мемонад.
-Эй Склифосовский...
-Шуд, шуд рафиқ майор Худо бад нахоҳаду...
-Агар теғи олам биҷунбад зи ҷо, Набурад рагеро, нахоҳад Худо...
-Усмон Башир суратгири сатҳи олист.
-Чӣ ҷой тааҷҷуб, модоме, ки вай хакери сатҳи олӣ буда.
-Манзури банда чизи дигар аст.
-Набошад гапро кашол надода...
-Усмон Башир дар ҶДММ сохтмоние кору фаъолият доштааст, ки Ҷаббор Маҳмуд онро сарвар аст
-Ин ба ҳодисаи рухдода чӣ пайвастагие дорад?
-Ба таври ростхата ҳеҷ.
-Ғайримустақим чӣ?
-Самти фаъолияти ҷамъияти масъулияташ маҳдуде, ки Ҷаббор Маҳмуд сарвараш аст, чун корхонаи хусусии Солеҳ Қамар ба хариду фурўши молҳои сохтмонӣ нигаронида шудааст.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан