-Яъне рақобат?
-Ба фикрам ҳамин хел аст.
-Тамом?
-Не, дар он корхона Салим низ кору фаъолият дорад.
-Кадом Салим?
-Нафаре, ки ба хотири муҳаббати вай Парвина Қамар бо дунёи ҳастӣ падруд намудан хост.
-Магар чунин ҳодисаҳо дар зиндагӣ каманд ва оё месазад, ки аз паша фил тарошем.
-Чунин ҳодисаҳо лаки дар лаканд, вале дар айни вақт мо ҳуқуқ надорем ба рафти онҳо аз паси панҷа нигарем.
-Пайвастагиеро намебинам.
-Замоне Солеҳ Қамар аз Ҷаббор Маҳмуд пул қарз гирифта, даҳ гектар замин харидааст. Албатта, вай баъдтар қарзи гирифтаашро баргардонидааст, вале дар атрофи он замин байни онҳо чандин маротиба муноқиша бархоста.
-Манбаи ахбор кист?
-Манбаи боэътимод аст, вале чун дар корхонаи Ҷаббор Маҳмуд кору фаъолият дорад, аз додани нишондоди расмӣ худдорӣ намуд.
-Боке нест, ин тарафи корро мо аз дигар самт ҷуброн мекунем, - гуфтам ман ва бо ин васила ғайриихтиёр шикасти хешро дар назди шогирд эътироф намудам. Ба ростӣ, аз сухани гуфтаи хеш ҳамоно пушаймон шудам, вале чӣ илоҷ, ки сухани аз забон бурун ҷастаро мисли оби рехта ва шишаи бишкаста баргардонидан ғайриимкон буд.
Дар он лаҳзаҳо ман қадами аввалини шогирдро ба милиса ба ёд овардам,ҳарчанд он вақт ў ба ҳайси нозири минтақавӣ ба коргоҳи мо ба кор омада буд, вале аз ҳамон лаҳзаҳо чун ҷавони ҷасуру дидадаро дар ёди банда боқӣ монд. Он солҳо ман ҳамроҳи нозири минтақавӣ лейтенанти милиса Ҷомии Шариф, ки акнун сари андешаҳои хеш ғӯтта мезад, дар якҷоягӣ ҳамроҳи муфаттиши прокуратура Саодати Назар сари марги Парисои Ҳотам хеле ҷаҳду талош намудем ва гунаҳкорро ба курсии айбдорӣ кашидем2!





