Ҳамагӣ чанд моҳ пештар бо дахолати бевоситаи сардори бахши кофтуковӣ ҷиноятӣ подполковники милиса Наврўз Умар Ҷомии Шарифро ба вазифаи ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ таъин намуданд.
Чун Ҷомии Шариф дар он лаҳзаҳо сари андешаҳои худ буд, ман имкон ёфтам, ки дар атрофи он баҳси тӯлонии хеш ва шогирдро бори дигар дар мизони ақл гузорам...
Аз нигоҳи мантиқ аз рўйи дастовард Ҷомии Шариф дар нисбати дигар аъзои гурӯҳи фаврии тафтишотӣ аллакай як қадам пеш буд.
Аз нигоҳи таърих бошад, ў акнун ғолиб дониста мешуд ва новобаста ба ҳама он густохиҳояш (агар суханони вайро дар назди устод густохӣ гуфтан мумкин бошад) гуноҳаш авфпазир буд, чунки ғолибонро муҳокима намекунанд.
Аз нигоҳи юриспруденсия “бозёфти” шогирд санҷиши мукаммал ва таҳлили аниқу дақиқро тақозо мекард ва натиҷаи он санҷиш бо чӣ анҷом меёфт, ҳанўз номаълум буд. Вале чун моро то ҳамин лаҳза фақат як назаряи корӣ буду дилу бедилон дар атрофи он давр мезадем, бозёфти шогирдро метавонистем чун назарияи дуюми корӣ қабул намоем. Агар чунин мешуд, самти корҳои ҷустуҷўӣ боз ҳам васеътар мешуд ва ин амал дар рафти тафтишот дигаргунии куллиеро рўйи саҳна меовард.
Акнун аз нигоҳи банда, ки лаҳзае пеш ба таҳлили рафти ҳодисаҳо машғул шудам, новобаста аз ҳама он шӯхиҳо ё густохиҳо ҳангоми суханронии шогирд бозёфти ғайрирасмии Ҷомии Шариф ин ғалабаи якҷояи мо дар мубориза алайҳи ҷинояткорӣ буд.
Лейтенанти калони милиса, ки ҳануз дар байни мавҷи андешаҳои хеш шино дошт бандаро маҷбур сохт, ки аввалин шуда муҳри хомуши шиканам.
-Боз чӣ?
-Нафаҳмидам.
-Ба ҷуз он манбаи ахборе, ки дар корхонаи Ҷаббор Маҳмуд кору фаъолият дорад, боз ягон кас ҳаст?
2 Нигар ба романи Ш.Азизӣ “Афлотун дӯсти ман аст”...





