-Магар ин кам аст?
-Аз нигоҳи қонун кам.
-Чӣ хел?
-Сараввал нафаре, ки бо вай суҳбати ғайрирасмӣ доштед, аз додани нишондоди расмӣ саркашӣ намудааст ё гапам нодуруст?
-Не, дуруст.
-Аз ин бармеояд, ки мо бояд гуфтаҳои эшонро сармашқи кори хеш намуда, дар атрофи Ҷаббор Маҳмуд ҳалқа кашем ва оҳиста – оҳиста доираи ҳалқаи кашидаамонро тангтар намоем.
Барои ин ба мо чӣ лозим?
-Далел.
-Чун сухан дар атрофи ҷинояти вазнин меравад, далелҳо бояд эътимоднок бошанд. Аминам, ки манро мефаҳмед?
-Албатта.
-Барои ҳамин боз як талош намуданамон лозим.
-Шояд Ҷаббор Маҳмудро ба ин ҷо биёрем...
-Барои кадом гуноҳаш?
-Охир...
-Ба ҳама коре, ки мо даст мезанем, бояд андеша аз анҷомаш намоем, то нашаваду худро хандасори дигарон намоем. Бисёр хуб аст, ки шумо, рафиқ лейтенанти калон, пайвастагиеро дар ҷинояти содиршуда дарёфтед. Вале ин ҳанўз маънои гунаҳкор намудани шахсро намедиҳад. Шояд ин ҳама як тасодуф бошад. Моро лозим меояд, ки хабари овардаи шуморо чун назарияи дуюми корӣ қабул намоем. Модоме ки чунин аст, дар атрофи ин хабар санҷиши мукаммал гузарониданамон лозим меояд ва натиҷаи санҷишро бо ҳодисаҳои рухдода мавриди таҳлил қарор додан низ вазифаи ҷонии мост. Бигузор мо як рўз, ду рўз ё як ҳафта пас ба марра расем, вале бояд имонамон комил бошад, шахсеро, ки ба курсии айбдорӣ кашидаем, гунаҳкор аст. Мо бояд гумонбаршударо бовар кунонида тавонем, ки танҳо аз сидқи дил ба гуноҳи хеш иқрор шудан метавонад вазъи ўро дар рафти тафтишот ва сипас ҳангоми баррасии парванда дар суд сабуктар намояд. Албатта, барои ин моро зарур аст, ки бо далелҳои раднашаванда гуноҳи эшонро собит намоем.
Ҳангоми баррасии парванда дар суд нишондоди айбдоршаванда нақши калидӣ мебозад ва чунин нишондодро кӣ тайёр мекунад?





