-Тафтишот.
-Дурусттараш аъзои гӯруҳи фаврии тафтишотӣ ва модоме ки чунин аст, чаро оқил кунад коре, ки боз орад пушаймонӣ.
-Шуморо фаҳмидам.
-Бисёр хуб, агар дигар гуфтание надошта бошед, метавонед аз ҳамин лаҳза баҳри иҷрои амалиёт аз рўйи назарияи дуюми корӣ, ки чун нақшаи корҳои ҷустуҷўӣ пазируфта шудааст, пардозед.
-Итоат.
-Аз хурдтарин бозёфт ё пеш омадани мушкилоте метавонед бе мамониат дар ҳама ҳолат бо ман дар тамос шавед!
-Хуб шудааст! - гӯён ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ ба самти дар ҳаракат кард...
Баъди рафтани шогирд ман боз муддате сари мизи корӣ беҳаракат истодам, то бори дигар ба рафти ҳодисаҳо дар танҳоӣ назар намуда, роҳҳои ҳалли онро ҷустуҷў намоям.
Сари чорроҳае рў ба рў омадани Солеҳ Қамар, Ҷаббор Маҳмуд, Парвина Қамар, Усмон Башир ва Салим Қурбон метавонист тасодуфан ҳам бошад ва боз...
Рафту агар тасодуф набудӣ, ин ҳама амали ба нақша гирифтае буд.
Ҷомии Шариф бандаро ҳушдор сохт, ки Усмон Башир аксбардори дараҷаи олист. Дар ин ҷода баҳс намудан аз рўйи хирад ҳам набуд, чунки барои нафаре, ки кушодани сети бонкӣ душворие надорад, гирифтани акс тариқи асбобҳои аккосии ҳозиразамон чӣ душворие дорад.
Рафту агар мо Усмон Баширро меёфтем, на танҳо ба ин суол, балки ба як қатор суолҳои дигар низ посух мегирифтем.
-“Шояд ба ин суол ба Парвина Қамар муроҷиат намоед, - нидо омад аз замирам.
-Ба гумон аст вай бо амри дил ба мо ёрӣ диҳад, - эътироз намудам ман.
-Ёрӣ медиҳад,” - бандаро бовар кунониданӣ шуда садо кард қалби ба шўр омадаам.





