Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 61 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 61 аз 499 · 2 ноябри 2026

Акнун ман ба ёд овардам, ки бояд ҳамин лаҳзаҳо дар прокуратура пурсиши Парвина Қамар оғоз шуда бошад.
Албатта, ман бисёр мехостам дар ин лаҳзаҳо паҳлуи муфаттиш бошам, вале чун Наврўз Умар ҳафтае боз дар беморхонаи марказии вазорат зери назорати духтурон қарор дошт, бояд ба аёдаташ мерафтам, вале ин танҳо як тарафи масъала буд.
Тарафи дигари кор он буд, ки баъди ба беморхона рафтани сардори бахш дар асоси фармони сардори ШКД банда муваққатан иҷрокунандаи вазифаи эшон будам ва ҳар лаҳза Воҳид Камол метавонист маро ба кори ночизе ҳам ба наздаш даъват намояд...
Андешаҳоям ҳанўз сари ин масъала поён наёфта, занги телефони дохилӣ баланд шуд. Дилу бедилон тугмачаро зер намуда, гӯшакро бардоштам.
-Рафиқ майор, Воҳид Камол шуморо мепурсад, - хабар дод навбатдор.
“Сухан ҳанўз аз забонам бурун нашуда, аз гиребонам гирифт,” - зери лаб гуфтам ман ва бо овози шунаво навбатдорро бовар кунонидам, ки ҳозир мефароям. Чун дафтари кории сардори ШКД дар ошёнаи якум дар паҳлуи кисми навбатдорӣ воқеъ гардида буд, ман коғазҳои дар болои миз бударо ба тартиб дароварда, онхоро ба сейф гузоштам ва сипас аз ҷой бархеста, тирезаи ханӯз кушодаро пӯшида, ба самти дар ҳаракат намудам.
Сардори Раёсати шаҳрӣ аз рафти корҳои ҷустуҷўӣ дар аторофи ҳодисаи ба сари Солеҳ Қамар омада пурсон шуд.
-Ба ў чӣ гӯям? - баробари пой ба остонаи дафтари корӣ сарвари ШКД гузоштанам пурсид Воҳид Камол.
-Пешравие нест.
-Пас чӣ бояд кард?
Ман боз чанд қадам ба пеш гузошта бо иҷозати Воҳид Камол ба курсие нишастам ва сипас эшонро аз рафти ҳодисаҳое, ки то кунун дар бораашон огоҳӣ ёфта будам, шинос намудам...
...8...
Бозгашти банда ба прокуратура ба нимаи дуюми рўз рост омад. То он лаҳза ман имкон ёфтам, ки дар беморхона Наврўз Умарро аёдат намоям ва ин беҳтарин кори анҷомдодаам дар нимаи аввали рўз буд.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан